Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳияи тарҳи ягонаи муассисаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон


Лоиҳаи бунгоҳи тиббӣ дар Тоҷикистон

Кумитаи меъмории Тоҷикистон мегӯяд, тарҳҳои намунавии бунгоҳи тиббӣ, кӯдакистон, ҳаммом, сартарошхона ва ороишгоҳу дигар муассисаҳои иҷтимоиро таҳия кардааст, ки хоҳишмандон метавонанд, дар шаҳраку деҳоти кишвар бунёд кунанд.

Кумита бо нашри як баёнияи расмӣ гуфтааст, ки тарҳҳоро баъди ҷаласаи ҳукумат дар рӯзи 26-уми май имсол таҳия кард, ки дар он аз вазорату идораҳо хоста шудааст, барои пешвози 30-солагии истиқололи Тоҷикистон саҳм бигузоранд.

Дар эълони Кумитаи сохтмон омадааст, вазорату идораҳо, соҳибкорон метавонанд, тарҳҳои муносиб ба маҳаллеро интихоб кунанд ва барои “дастрас кардани тарҳҳо ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.”

Кумита аксҳои баъзе аз намунаҳоро дар вебсайташ нашр кардааст. Тоҷикистон соли 2021 30-умин солгарди истиқлоли хешро таҷлил мекунад.

Видеоҳои охирин

Дар Афғонистон интихоботи парламентӣ ҷараён дорад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:00 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG