Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарёфти визаи Қазоқистон осонтар шуд


Ҳавопаймои ширкати Air Astana дар фурӯдгоҳи Атмато
Ҳавопаймои ширкати Air Astana дар фурӯдгоҳи Атмато

Вазорати умури дохилии Қазоқистон хабар дод, ки қоидаҳои дарёфти раводид (виза)-и ин кишварро соддатар кардааст. Ба гуфтаи вазорат, қоидаи нав аз 1 июли соли 2018 ба иҷро даромад.

"Муҳлати додани даъватнома барои вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Қазоқистон кам карда шуд. Барои дарёфти он на дертар аз панҷ рӯз пеш аз сафари шахси воридшаванда бояд дархост фиристод. Пештар ин муҳлат 14 рӯзро ташкил медод", - иқтибос овардааст Хабаргузории расмии Қазоқистон аз иттилоияи Вазорати умури дохилии ин кишвар.

Ба иттилои вазорат, шаҳрвандони хориҷӣ, ки раводиди Қазоқистонро доранд, метавонанд худро дар қайди мақомоти муҳоҷирати ин кишвар нагузоранд. Зеро маҳалли будубоши онҳо ва масири ҳаракаташон дар даъватнома дарҷ хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир, шаҳрвандони беш аз 40 кишвар бидуни раводид ба Қазоқистон сафар хоҳанд кард. Аз ҷумла шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд, АМА, Малайзия, Монако ва Сингапур метавонанд бидуни виза ба муҳлати 14 шабонарӯз вориди Қазоқистон шаванд. Ин муҳлат барои шаҳрвандони ИМА 30 шабонарӯз аст.

Шаҳрвандони Ҳиндустон ва Чин, агар бо ширкатҳои ҳавопаймоии қазоқӣ тавассути Қазоқистон ба кишвари севум сафар кунанд, метавонанд 72 соат бе раводид дар ин кишвар бимонанд.

XS
SM
MD
LG