Тимҳои миллии Фаронсаву Швейтсария ва Англия аз он дастаҳо дар Ҷоми ҷаҳонии футбол ҳастанд, ки бозигарони зиёде аз аққалиятҳо доранд, ё волидонашон аз кишвари дигар омадаанд. Дар тими Русия, ки хонаи қавму мардумони гуногун ва кишвари гуногунмиллат аст, ин таркибро намебинед. Чаро?
Ҳарчанд дар тамоми дастаҳое, ки ҳоло дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русия бозӣ мекунанд, намояндагони фарҳангу миллатҳои гуногунро мебинед, аммо аксарият тими Швейсарияро, намунаи асосии тими гуногунмиллат медонанд.
Дастаи маҳбуб дар байни мардуми Швейсария таркиби ҷолибе дорад. Аз 23 узви тими миллӣ 14 нафарашон ё дар хориҷ таваллуд шудаанд ва ё ба қавли мардуми бумии Швейтсария “секондос” ҳастанд. Насли муҳоҷироне, ки дар кишвар ба дунё омадаанд.
Тими Швейсария танҳо тими миллие нест, ки теъдоди зиёди бозигаронашон ё аз ҳисоби муҳоҷирон, ё аз аққалиятҳои хурди он кишвар ҳастанд
Бештар аз се ҳиссаи тими миллии Фаронса ва ё 18 нафари онҳо аз муҳоҷироне ҳастанд, ки аз кишварҳои мухталиф ба Фаронса омадаанд. Дар тими миллии Белгия 11 бозигар, дар тими Англия 10 ва дар дастаи мунтахаби Олмон 6 бозигар зодагони муҳоҷиронанд.
Хориҷиҳоро намехоҳанд
Аммо бо вуҷуди мизбонии миллионҳо муҳоҷир, бахусус аз Осиёи Марказӣ ба мисли Тоҷикистону Узбекистон в Қирғизистон ва ҳам мардуми зиёде аз Украинаву Молдова дар тими миллии Русия аксаран русҳо ҳастанд ва ҳам чанд намояндаи ангуштшумор аз аққалиятҳо ба мисли осетинҳо.
Ба ғайр аз Марио Фернандеси бразилӣ, ки шаҳрвандии Русияро дорад, чанде дигар аз бозигарони дастаи мунтахаб фарзандони онҳое ҳастанд, ки дар замони шӯравӣ аз Украинаву Белорус омадаанд. Бақия ҳама бозигарони рус ҳастанд.
“Албатта Русия барои муҳоҷирон аз кишварҳои берун аз ҳавзаи шӯравии собиқ биҳишт нест ва дар инҷо дар масъалаи ҳамоиши муҳоҷирон аз кишварҳои шӯравии собиқ мушкилоти бузург вуҷуд дорад” – мегӯяд Слава Маламуд, шореҳи нашрияи "Советский Спорт", ки муқими Амрикост. Барои ҳамин ба гуфтаи ӯ, набояд ҳайратзада шуд, ки таркиби дастаи мунтахаби Русия гуногун нест.
Ба гуфтаи Маламуд, Питер Одемвинг - фарзанди муҳоҷири Нигерия, ки дар Русия ба дунё омада ва бузург шудааст, чанд сол пеш нахост дар тими мунтахаби Русия бозӣ кунад ва дастаи миллии кишварашро интихоб кард.
Слава Маламуд мегӯяд, миллионҳо муҳоҷир дар Русия мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ доранд, ки монеи ҳузури онҳо дар варзиш мешаванд. Аксарият корҳои каммузди сохтмонӣ мекунанд ва узви комилҳуқуқи ҷомеа ба ҳисоб намераванд.
“Онҳо дар ҳошия мондаанд ва пазируфта нашудаанд ва дар беҳтарин ҳолат ҳузурашонро таҳаммул мекунанд” – мегӯяд, Маламуд. Ба қавли ӯ, вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ тавре нест, ки муҳоҷирон фарзандонашонро ба варзиш бифиристанд ва бисёриҳо аксаран наметавонанд, шаҳрвандӣ бигиранд.
Ба ақидаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, нажодпарастӣ ҳам яке аз омилҳои набудани намояндагони аққалиятҳо дар тими мунтахаби Русия аст.
“Ба назари аксарияти русҳо таркиби гуногуни тимҳои аврупоӣ ба мисли Фаронса, Олмон, Англия ва Швейтсария аломати заъфи он миллатҳо ва таназзули фарҳанги онҳо аст” – мегӯял, Слава Маламуд.
Ба ақидаи ӯ, бардошти умумӣ дар Русия ин аст, ки “Аврупо зери таҷовузи тӯдаи барбароне монда ва дар ҳоли марг аст.” Слава Маламуд мегӯяд, “Дар воқеъ ин бахше аз идеологияи давлатии Русия аст.”
Аз ҷумла дастаи “Зенит”- и Санкт Петербург яке аз дастаҳои қавии Русия то чанде пеш як сиёсати ғайрирасмӣ дошт, ки “сиёҳпӯстонро қабул намекунем, зеро мухлисон комилан мухолиф ҳастанд”. Ба гуфтаи Маламуд, муддате дар майдони Зенит як шиоре буд, ки “Сиёҳ яке аз рангҳои мо нест”.
Моҳи гузашта УЕФА Иттиҳодияи Федератсиёнҳои Футболи Аврупо дастаи “Зенит”- ро барои рафтори мухлисонаш, ки дар як бозӣ бо тими Лейптсиги Олмон дар мусобиқоти Лигаи Аврупо шиорҳои нажодпарастона сар доданд, ҷарима баст. Бино ба гузоришҳо дар ин бозӣ дар моҳи март онҳо суруде мехонданд, як мисрааш “Сиёҳпӯстонро бикушед” буд.
Вале танҳо Русия нест, ки таркиби дастаи мунтахабаш якранг аст. Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Эрон ҳам дастаҳои миллие доранд, ки дар онҳо аққалиятҳо дида намешаванд. Тимҳои миллии Сербистон ва Хорватия ҳам асосан аз бозигарони мардуми таҳҷоӣ ташкил шудаанд.
Бозигарони “беаҳди” Швейсария
Айни замон ду бозигари беҳтарини тими Швейсария аз кишварҳои Югославияи собиқ ҳастанд. Аз ҷумла Жердан Шакирӣ, ки дар Косово ба дунё омадааст ва Гранит Жака, ки волидонаш албанитаборон ҳастанд. Ҳарду дар бозии рӯзи 22-уми июн як голӣ зада ва Сербистонро бо ҳисоби 2 бар 1 шикаст доданд. Ҳарду баъди гол задан бо дастон шакли уқоби дусараро нишон доданд, ки аломати уқоби дусараи парчами Албания аст.
Ҳарчанд 25 дар сади аҳолии Швейтсария зодагони хориҷиён ҳастанд, вале на ҳамаи мардуми кишвар аз таркиби гуногунмиллати дастаи миллӣ ифтихор намекунанд ва баъзе аз онҳо мегӯянд, ки даста ба қадри кофӣ “шведсарӣ” нест.
Роҷер Копел, узви Ҳизби мардумии Швейсария, як ҳизби ростгаро тими миллии кишварро “як гурӯҳи пухтаи зархаридони хориҷӣ бо лаҳҷаи балканӣ” номидааст. Ӯ ҳамчунин 6 бозигари африқоитабори дастаро тавҳиномез “енсвисес” номидааст, ки маънии бегона барои Швейтсарияро дорад.
Ҳизби мардумии Швейсария аксари курсиҳои порлумониро дар даст дорад. Яке дигар аз узви ҳизб аз ҳаракати Шакирӣ ва Жака асабонӣ шуда ва гуфтааст, ки “Он ду голро барои Косово задаанд, на барои Швейсария.“
Баҳсҳои дигари ҷомеа
Ҷанбаи ғайриоддии дигар ин аст, ки дар миёни 23 бозигари дастаи Марокаш 17 нафарашон дар Аврупо бахусус дар Фаронса ва Ҳолланд ба дунё омадаанд. Тунис ҳам 11 чунин бозигар дорад, ки ба ҷойи бозӣ дар дастаи кишвари иқоматашон, бозӣ дар дастаҳои зодгоҳи падару модар ва бибиву бобояшонро интихоб кардаанд.
“Бисёре аз бозигарон ҳоло ба ҷойи дастаи Ҳолланд дар тими Марокаш бозӣ мекунанд” – мегӯяд, Франк Ван Екерен, пажӯҳишгари масоили варзиш ва ҷомеа дар Донишгоҳи Утрехти Ҳолланд.
“Тағйироте дар ҷараён аст, ман мутмаин нестам, ки тағйирот дар тамоми ҷомеа аст ва ё дар байни як гурӯҳи хос, ки нисбат ба кишвари мо эҳсоси дигар доранд. Шояд аломати он бошад, ки бозигарон дар кишваре, ки ба дунё омадаанд, эҳсоси дар ватан будан надоранд” мегӯяд, ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, мардуми Ҳолланд ҳоло мепурсанд, ки “Ин чӣ гуна ҷомеа аст. Оё мо кори хатое кардем, ки одамон худро дар зодгоҳашон эҳсос намекунанд. Дар ин чанд сол чӣ тағйир ёфтааст.”
Слава Маламуд мегӯяд, аз вуҷуди аққалиятҳои гуногун асосан кишварҳои сарватманд ба мисли Фаронсаву Олмон ва Белгияву Ҳолланд баҳра бурдаанд.
“Ман фикр мекунам, чӣ мешуд, агар бозигарони беҳтарини Албания дар ҷойҳои дигар бозӣ намекарданд” мегӯяд, ӯ. Ба қавли ӯ, футболи Бразилияву Аргентина ҳам ба шарофати ҷомеаи гунонгунқавм рушд кардааст.
Чизе ки ба гуфтаи ӯ, Амрико ҳам метавонад рӯзе аз он баҳра барад. “Як сабаби асосии боварӣ ба ояндаи футбол дар Амрико ҳамин қавму миллатҳои гуногун аст” мегӯяд, Слава Маламуд, ки худаш ҳам аз дигар ҷой аст ва шаҳрвандии Амрикоро гирифтааст.