Додгоҳе дар Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳури собиқи ин кишварро дар ғайбаш ба шаш соли зиндон маҳкум кард.
Бар асоси ҳукми додгоҳ, ки рӯзи 29-уми июн содир шуд, Саакашвилӣ ба суиистифода аз қудрат дар замони президентиаш айбдор шудааст.
Додгоҳ, инчунин, гуфтааст, ки ӯ талош карда буд, далелҳои марбут ба латту кӯби Валерий Гелашвили, намояндаи мухолифин дар порлумонро дар соли 2005 пинҳон кунад.
Михаил Саакашвилӣ, ки дар ҳоли ҳозир дар Ҳолланд зиндагӣ мекунад, ҳукмро рад карда ва онро дорои ангезаи сиёсӣ донистааст.
Саакашвилӣ аз соли 2004 то соли 2013 раиси ҷумҳури Гурҷистон буд.