Пайвандҳои дастрасӣ

ВАО: Трамп ба Макрон пешниҳод карда буд, ки аз ИА хориҷ шавад


Доналд Трамп ва Эммануэл Макрон ҳангоми мулоқот дар Кохи Сафед.

Президенти ИМА Доналд Трамп ба Эммануэл Макрон, президенти Фаронса, ба шарти берун бурдани кишвараш аз Иттиҳодияи Аврупо созиши тиҷоратӣ пешниҳод кардааст. Дар ин бора матбуоти амрикоӣ рӯзи 29-уми июн хабар дод.

Манбаи нашрияи Washington Post мегӯяд, 24-уми апрели имсол, ҳангоми мулоқоти ду раҳбар дар Кохи Сафед, Трамп эҳтимоли берун рафтани Фаронса аз Иттиҳоди Аврупоро матраҳ кард.

Президент гӯё дар иваз ба Макрон созиши тиҷоратӣ бо шароити беҳтар аз Иттиҳоди Аврупоро пешниҳод кардааст. Ин маълумотро манбаъҳои CNN низ тасдиқ мекунанд.

Кохи Сафед аз шарҳи ин хабар даст кашид, аммо ҳамзамон онро такзиб ҳам накард.

Маҷаллаи Newsweek ёдовар мешавад, ки Фаронса ва Олмон нерӯи пешбарандаи Иттиҳоди Аврупо номбар мешаванд. Президенти Фаронса борҳо ба ҳамоиш ва зарурати ислоҳот дар Иттиҳодияи Аврупо таъкид кардааст.

Видеоҳои охирин

Хонуме ширкати таксиро бо истифодаи аксаш дар реклама муттаҳам мекунад
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:26 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG