Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон санҷиши ширкатҳои тиҷоратиро то 2 сол манъ мекунад


Бинои ҳукумати Қирғизистон
Бинои ҳукумати Қирғизистон

Ҳукумати Қирғизистон тасмим дорад, ба ҳама навъи санҷиши субъектҳои соҳибкорӣ 2 сол моратория эълон кунад. Ҳамзамон дар ин муддат ҷаримаи тоҷирон манъ хоҳад шуд. Дар ин бора вазири иқтисод Олег Панкратов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, нозир набояд камбуди тоҷиронро барои ҷарима ошкор кунад, балки ба онҳо барои бартараф кардани камбудӣ кумак расонад.

"Ба ин тартиб, соҳибкор ва нозири давлатӣ ҳавасманд мешаванд, ки ба камбудҳо роҳ надиҳанд", - гуфт вазир.

Муҳаммадқулӣ Абилғозиев, сарвазири Қирғизистон ҳам гуфт, ҳукумат тасмим дорад, робитаи тиҷорат ва мақомоти давлатиро қатъ кунад.

Пештар аз ин Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон дастур дода буд, ки санҷишҳои беасоси тиҷорат лағв шавад.

XS
SM
MD
LG