Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Остона аз Маскав истирдоди тоҷир Ертаевро талаб дорад


Жомарт Ертаев
Жомарт Ертаев

Додситонии кулли Қазоқистон хабар дод, ки ҳаққи истиқомати тоҷири қазоқ Жомарт Ертаев дар Русия бекор шуд.

Қазоқистон талош дорад, Ертаевро ба кишвар истирдод кунанд. Ӯ дар ватанаш Қазоқистон дар дуздии миллионҳо доллари Bank RBK гумонбар мешавад.

Додгоҳи ноҳияи Преснени шаҳри Москва рӯзи 14-уми июн ҳабси хонагии Ертаевро бо дархости Додситонии кулли Қазоқистон то 8-уми ноябр тамдид кард. Додситонӣ хабар медиҳад, ки дар Қазоқистон барои истирдоди ӯ "чораҷӯиҳо" идома дорад.

Жомарт Ертаеви 45-сола ибтидои моҳи май аз сӯи мақомоти қудратии Русия боздошт шуд. Қазоқистон Ертаевро расман ба "қаллобӣ" гунаҳкор мекунад.

Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон хабар дод, ки Ертаев замони фаъолият ҳамчун мушовири раиси шӯрои мудирони Bank RBK, бо роҳи қаллобӣ бештар аз 80 миллион долларро ба яғмо бурдааст.

Аммо Жомарт Ертаев мегӯяд, ҳаргиз дар Bank RBK кор накардааст. Нашрияи "Коммерсант"-и Русия аз қавли Жомарт Ертаев навишт, ки таъқиби вай ангезаи сиёсӣ дорад.

XS
SM
MD
LG