Мақоми баландпояи пулиси Афғонистон Азизуллоҳ Корвон шоми 28-уми июн аз тарафи Толибон кушта шуд. Ба гуфтаи масъулони Вазорати умури дохилии Афғонистон, ӯ дар ҳоле ҳадафи тири Толибон қарор гирифт, ки ҳамроҳ бо хонаводааш дар минтақаи Макрориёни Кобул "пикник" дошт.
Сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ Наҷиб Дониш рӯзи 29-уми июн гуфт, Корвон - фармондеҳи воҳиди нирӯҳои вижаи пулис дар шарқи вилояти Пактико - даҳҳо амалиёти низомиро алайҳи Толибон анҷом дода буд. Азизуллоҳ Корвон дар ин авохир аз чанд талоши сӯиқасд ҷон ба саломат бурд.
"Ӯ бо нирӯҳои вижаи Амрико дар Пактико ҳармкории наздик дошт", - гуфт Нодир Катавазӣ, намояндаи порлумон аз ин вилоят. Ба гуфтаи Катавазӣ, ҳалокати Корвон зарба ба мубориза алайҳи шӯришгарон дар шарқи Афғонистон аст.
Масъулияти ҳамларо Толибон тавассути сухангӯи худ Забеҳуллоҳ Муҷоҳид бар дӯш гирифт.