Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CNN: Трамп ба Путин муомилот пешниҳод мекунад


Мулоқоти Путин ва Трамп дар ҳошияи нишасти G-20 дар Оламон. Июли соли 2017
Мулоқоти Путин ва Трамп дар ҳошияи нишасти G-20 дар Оламон. Июли соли 2017

Президенти ИМА Доналд Трамп мехоҳад ба Владимир Путин муомилотеро пешниҳод кунад, ки ба хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Сурия суръат мебахшад. Дар ин бора шабакаи телевизионии CNN рӯзи 28 июн бо такя ба манбаҳояш хабар дод.

Ба маълумоти CNN, пешниҳоди Трамп ба минтақҳои ҷанубу ғарби Сурия - ҳамммарз бо кишвари Урдун рабт дорад. Ба ақидаи президенти Амрико, бар пояи пешниҳоди ӯ Русия метавонад ба президент Башор Асад кӯмак кунад, ки қаламравҳои имтидоди марз бо Урдунро баргардонад. Дар иваз, Трамп аз Путин мехоҳад, ки шӯришгаронро маҳв накунад ва иҷозат диҳад, ки онҳо минтақаҳои дигар раванд. Ҳамсӯҳбатҳои шабакаи телевизионии CNN мегӯянд, президенти ИМА мехоҳад дар ҷанубу ғарби Сурия "манотиқи мамнуъ" бунёд кунад, то дастрасии Эрон ба минтақа қатъ шавад.

CNN мегӯяд, ҳатто дар ҳолати қабули ин пешниҳод Русия наметавонад иҷроиши онро кафолат диҳад.

Мулоқоти ду раҳбар ба 16 июл дар Ҳелсинкӣ барномарезӣ шудааст. Интизор меравад, ки дар ин мулоқот дурнамои равобити Русияву Амрико ва масоили байналмилалӣ матраҳ шавад.

XS
SM
MD
LG