Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлагари Capital Gazette ба 5 куштори дараҷаи аввал муттаҳам шуд


Макони ҳамлаи мусаллаҳона ба идораи нашрия дар Мэриленд. 29-уми июни соли 2018
Макони ҳамлаи мусаллаҳона ба идораи нашрия дар Мэриленд. 29-уми июни соли 2018

Марди 35-сола бо номи Ҷаред Рамос, ки рӯзи 28-уми июн дар ҳамла ба идораи нашрияи Capital Gazette, воқеъ дар Аннаполиси аёлати Мэриленд панҷ нафарро кушта ва як теъдоди дигарро захмӣ кард, ба панҷ куштори дараҷаи аввал муттаҳам шуд.

Гуфта мешавад, ин аз ҳама ҳамлаи пурқурбонӣ ба журналистон дар таърихи Иёлоти Муттаҳида буда, полис онро "ҳадафмандона" унвон кардааст. Capital Gazette қабл аз ин ҳамла дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайғомҳои таҳдидомез мегирифт.

Яке аз кормандони Capital Gazette гуфт, ҳамлагар аз паси дари шишагӣ ба сӯи кормандони нашрия оташ кушод.

Дар ҳоли ҳозир, далели ҳамлаи ин марди 35-сола ба идораи нашрия мушаххас нест ва тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG