Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғарқ шудани ду сокини Душанбе дар канали Варзоб


Мақомоти ҳолатҳои фавқуллода ҷасади ду ҷавонписари сокини шаҳри Душанберо аз об берун оварданд. Ин ду ҷавон баъд аз зуҳри дирӯз дар канали обрасонӣ барои сокинони Душанбе маъруф ба "Дериватсиони", ки дар даромадгоҳи ноҳияи Варзоб воқеъ аст, ғарқ шудаанд.

Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳодисаи ғарқ шудани ин ду ҷавон баъд аз зуҳри 28-уми июн рух дода, ҷасади онҳо субҳи имрӯз, пайдо гардид. Хонум Юсупова афзуд, ин ҷавонон, ки яке 24 ва дигаре 25 сол доштанд, дар макони мамнӯъ оббозӣ карданд.

Ду ҷавони ғарқшуда сокини маҳаллаи "Хуҷамбиёи поён"-и шаҳри Душанбе буда, дар назар аст имрӯз ҷасадашон ба хок супорида шавад.

Ҳар сол дар мавсими оббозӣ дар кӯлу дарёҳову каналҳо ва ҳавзҳои Тоҷикистон даҳҳо нафар ҳалок мешаванд. Бино ба омори расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, соли гузашта дар кишвар беш аз 100 нафар ғарқ шудаанд, ки нисфи онҳо афроди зери синни 15-сола будаанд.

XS
SM
MD
LG