Пайвандҳои дастрасӣ

Макон ва замони мулоқоти Трампу Путин мушаххас шуд


Владимир Путин ва Доналд Трамп, соли 2017 дар Ветнам.

Мулоқоти президентҳои Амрико ва Русия - Донад Трамп ва Владимир Путин рӯзи 16-уми июл дар Ҳелсинки - пойтахти Финландия баргузор мешавад. Дар ин бора Кремлин ва Кохи Сафед рӯзи 28-уми июн хабар доданд.

Дар Кремлин гуфтанд, ки раҳбарони ду давлат вазъи феълӣ ва дурнамои робитаҳои Русияву Амрико ва масоили байналмилалиро баррасӣ мекунанд.

Барномаи мулоқоти Трамп ва Путин рӯзи гузашта баъди сафари Ҷон Болтон, ёвари президенти Амрико дар умури масоили амнияти миллӣ ба Маскав, эълон шуд. Худи Трамп борҳо гуфтааст, ки мехоҳад бо Путин муносибати беҳтар барпо кунад ва Русияро ба ҳалли масоили байналмилалӣ ҷалб намояд.

Мулоқоти ҳарду раиси ҷумҳур баъди иштироки Трамп дар ҷаласаи НАТО (11-12 июл), сафари ӯ ба Бритониё (13 июл) ва ҳамчунин баъди анҷоми бозиҳои Ҷоми ҷаҳонӣ оид ба футбол дар Маскав, ки Путин дар он ширкат мекунад, багузор хоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Тақдими шаҳрвандии Русия осонтар мешавад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:24 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG