Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гимназияи рақами 53-ро дар Душанбе вайрон мекунанд


Дар пойтахти Тоҷикистон тахриби гимназияи машҳури рақами 53 ба номи Муҳаббат Маҳмудова шурӯъ шуд. Қарор аст, дар ҷойи ин гимназия дар тӯли як соли оянда мактаби наве бунёд шавад.

Дар гузашта дар ин мактаб фарзандони мақомоти баландпоя, аз ҷумла писари бузурги президент Эмомалӣ Раҳмон таҳсил кардаанд. Ин мактаб, ки дар ҳамсоягии манзили раиси ҷумҳур воқеъ аст, ҳамеша маҳалли раъйдиҳии мақомоти баландпоя, аз ҷумла президент Раҳмон буд.

Ҳамакнун мақомот тасмим гирифтаанд, хонандагони гимназияи шумораи 53 муваққатан дар мактаби миёнаи шумораи 70 ҷой дода шаванд.

Муассисаи давлатии гимназияи рақами 53 аз шаш бинои чаҳорошёна бо таҳхона ва 50 синфхона, аз ҷумла 4 синфи компютерӣ, озмоишгоҳи физика ва кимиё иборат хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG