Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон гуфт, аз тирамоҳ ба Тоҷикистон бензин медиҳад


Қазоқистон қасд дорад, аз тирамоҳи имсол маҳсулоти нафтии худ, аз ҷумла бензинро ба Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистон содирот кунад.

Ба навиштаи маҷаллаи "Власть"-и чопи Қазоқистон, имкони содироти ин навъи маводи сӯхт дар пайи афзоиши тавлиди он дар корхонаҳои коркарди нафти Қазоқистон ва манъи воридоти бензин аз Русия фароҳам шудааст.

Муовини раиси ширкати “КазМунайГаз” Дониёр Тиесов ба маҷалла гуфтааст, ки ҳар моҳ кишвараш метавонад ба кишварҳои ҳамсоя то 400 ҳазор тонна маводи нафтӣ содирот кунад.

“Соли оянда метавонем то 1,2 миллион тонна бензинро ба ин кишварҳо содирот кунем. Бо дарназардошти арзонии воридоти маҳсулот аз Қазоқистон нисбат ба Русия, мутмаинам дар ин кишварҳо муштарии зиёде хоҳем дошт”, - афзудааст Дониёр Тиесов.

Ин дар ҳолест, ки дар ду ҳафтаи охир қимати сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа боло рафта, феълан як литр бензини навъи АИ-92 то 8 сомонӣ қимат дорад.

Соҳибназарон мегӯянд, ки дар зудтарин фурсат арзиши як литр гази моеъ, ки аз он ҳудуди 80 дарсади мошинҳои Тоҷикистон истифода мекунанд, то ба 6 сомонӣ хоҳад расид.

Видеоҳои охирин

Занони манотиқи марзӣ: "Ҳоло роҳи муросоро пеш гирифтем"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:54 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG