Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон тариқи Узбекистон ба Афғонистон барқ медиҳад


Тоҷикистон тавассути хатҳои Узбекистон интиқоли нерӯи барқро ба Афғонистон шурӯъ кардааст. Дар ин бора ҳангоми сафари Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати "Барқи тоҷик" ба Тошканд қарордод имзо шудааст.

Як манбаъ дар «Барқи тоҷик» рӯзи 28-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то ба ҳол аз тариқи хатҳои интиқоли нерӯи барқи вилояти Сурхандарёи Узбекистон ба Афғонистон 140 миллион киловатт соат нерӯи барқи Тоҷикистон интиқол шудааст.

Гуфта мешавад, интиқоли барқ ба Афғонистон тавассути хатҳои Узбекистон то замони барқарор шудани хатти интиқоли мустақими барқ тавассути худи қаламрави Тоҷикистон идома меёбад.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон моҳи ҷорӣ дар дидор бо доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроия дар ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон хабар дода буд, ки Тоҷикистон мехоҳад дар соли ҷорӣ ба Афғонистон 1,5 миллиард киловатт соат нерӯи барқ содирот кунад.

Аммо тахриби хатҳои интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон аз сӯи Толибон дар баҳори соли ҷорӣ дар шимоли он кишвар, монеи ин амр шудааст.

XS
SM
MD
LG