Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо ба гаронӣ дар Теҳрон ва чанд шаҳри дигари Эрон.ВИДЕО


Рӯзи душанбеи 25-уми июн садҳо тан аз савдогарон ва тоҷирони бозорҳои Теҳрон дар эътироз ба боло рафтани қимати асъори хориҷӣ, нархи коло ва камбуди муштарӣ, эътироз карданд. Ба навиштаи хабаргузориҳои эронӣ, ин эътирозҳо боиси даргирӣ миёни кормандони пулис ва мӯътаризон шудааст.

Ин савдогарон рӯзи душанбе мағозаҳои худро бастанд ва шуморе аз он дар майдони "Баҳористон"-и Теҳрон даст ба тазоҳурот заданд. Дар наворҳое, ки аз таҷаммуи рӯзи душанбе дар ихтиёри Радиои Фардо -- бахши эронии Радиои Озодӣ қарор гирифт, дида мешавад, ки эътирозҳо дар назди бинои порлумон, атрофи бозори Теҳрон, хиёбони Лолазор, хиёбони Сарчашма ва дигар минтақаҳо баргузор шудааст.

"Сурияро раҳо кун, фикре ба ҳоли мо кун"

Тибқи гузоришҳо, аз ҷумла эътирозгарон шиор медоданд: "На Ғазза, на Лубнон, ҷонам фидои Эрон", "Бубандед, бубандед, мо ҳама бо ҳам ҳастем" ва "Сурияро раҳо кун, фикре ба ҳоли мо кун". Дар наворҳои видеоӣ дида мешавад, кормандони пулис дар майдони "Баҳористон" алайҳи эътирозгарон аз гази ашковар истифода мекунанд.

Мавҷи нави эътирозҳо дар Теҳрон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:08 0:00

Тибқи гузоришҳо дар чанд шаҳри дигари Эрон, аз ҷумла Шаҳриёр ва Ҷазираи Қишм низ ҳамоишҳои эътирозӣ баргузор шудааст. Эътирозҳои рӯзи душанбе бо баста шудани бозори Теҳрон ва таҷаммӯи эътирозӣ савдогарон оғоз шуд, аммо рафта-рафта ба дигар минтақаҳои тиҷоратии Теҳрон расид ва бинобар гузоришҳо, бегоҳи душанбе аксари минтақаҳои тиҷоратӣ дар ҷануб ва маркази Теҳрон, баста буд.

Сабабҳои эътироз чист?

Алӣ Киштгар, таҳлилгари сиёсӣ дар Порис дар гуфтугӯ бо бахши эронии Радиои Озодӣ аз ҷумла сабабҳои ин норизоиятиҳоро, пешбинӣ накардан ва барнома надоштани ҳукумати Эрон барои хуруҷи Амрико аз созишномаи ҳастаӣ ва ҳамчунин посух надодани Ҳасани Рӯҳонӣ ба хостаҳои мардум зикр кард

Абдуллоҳ Исфандиёрӣ, як мақоми бозори Теҳрон гуфтааст, эътирози савдогарон ба ҷаҳиши қимати асъор ва бесуботӣ дар гумрук рабт дорад, чун бинобар ин омилҳо, тоҷирон наметавонанд тасмим бигиранд ва колоҳои худро бифурӯшанд. Хабаргузории "Форс" сабаби таҷаммӯи рӯзи душанбеи савдогарон дар Теҳронро "эътироз ба рукуди ҳоким дар бозор, беқурбии асъори миллӣ, камбуди муштарӣ ва гаронии коло", зикр кардааст.

Беқурбшавии рекордии туман

Эътирозҳои рӯзи душанбе дар Теҳрон як рӯз пас аз он рӯй дод, ки ду маркази саводи "Алоуддин" ва "Чорсӯ", ки умдатан ба хариду фурӯши телефонҳои мобилӣ маъруф ҳастанд, рӯзи якшанбеи 24-уми июн шоҳиди таҷаммӯъҳои эътирозӣ буд ва мӯътаризон дар хиёбони "Ҷумҳурӣ" даст ба раҳпаймоӣ заданд.

Рӯзи якшанбеи 24-уми июн қимати асъори мухталиф дар бозори озоди Теҳрон боло рафт ва қимати як доллари амрикоӣ ба таври рекордӣ ба наздики 9 ҳазор туман расид. Расонаҳои эронӣ рӯзи душанбе аз тарҳи нави ҳукумат барои танзими қимати доллар дар бозор хабар доданд. Бар асоси гузоришҳо, дар ҳоли ҳозир нархҳои нави асъор дар бозор маълум нест ва хариду фурӯше анҷом намешавад.

Баста шудани бозори тиллофурӯшии Табрез
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:17 0:00

XS
SM
MD
LG