Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Киев гуфт, писари як дипломати Либия рабуда шудааст


Пулиси шаҳри Киев, пойтахти Украина, гуфт, пас аз рабуда шудани писари як дипломати Либия афсарони пулис дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Пулис гуфт, ки ин писар рӯзи 25-уми июн аз тарафи фарди ношинос дуздида шудааст.

Шоҳидони ҳодиса ба мақомоти тафтишотӣ гуфтаанд, писари дипломатӣ тавассути як мошини тамғаи «Волксаваген» бурда шуд.

Ба қавли пулис, марди рабудашуда соли 1992 ба дунё омада, шаҳрванди Либия ва писари аттешеи молии сафорати Либия дар Киев аст ва Абдулсалом ном дорад.

XS
SM
MD
LG