Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Песков: Путин ба чигунаии маҳбубияташ аҳамият намедиҳад


Владимир Путин
Владимир Путин

Владимир Путин ба болову поён шудани раддаи маҳбубияташ аҳамият намедиҳад, гуфт сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков дар посух ба суоле, ки оё коҳиши эътимоди русиягиҳо, дар пасманзари омодагӣ ба ислоҳоти соҳаи нафақа, Путинро нороҳат мекунад ё хайр.

Песков эътироф кард, ки ибтикори ҳукумат барои боло бурдани синни бознишастагӣ мавзӯи иҷтимоии ҳассос аст. Аммо ӯ ҳамзамон таъкид кард, ки" Путин ҳеҷ гоҳ ба рейтинги худ аҳамият намедиҳад".

Моҳи июн ҳукумати Русия тарҳи қонун оиди боло бурдани синни бознишастагиро ба Порлумон пешниҳод кард. Дар ин тарҳ синни бознишастагии занҳо аз 55 ба 63 ва аз мардҳо аз 60 ба 65 афзун шудааст.

Ба думболи ин изҳороти мухолифони ислоҳот дар сомонаи change.org беш аз дуюним миллион тарафдор пайдо кард ва марказҳои омӯзиши афкори умум башиддат поён рафтани сатҳи маҳбубияти Путинро мушоҳида карданд. Ба маълумоти "Бунёди омӯзиши афкори умум" танҳо дар як ҳафта сатҳи обрӯмандии Путин аз 62% то ба 54% поён омад, ки аз соли 2013 нишондоди камтарин ба шумор меояд.

XS
SM
MD
LG