Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҳафта таваққуф дар бозбинии парвандаи Мирсаидов


Хайрулло Мирсаидов.

Додгоҳи Хуҷанд рӯзи душанбеи 25-уми июн дар мурофиаи парвандаи Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон як ҳафта таваққуф эълон кард. Ҷӯрахон Раҳмон, раиси бозбинии парвандаи Мирсаидов, муовини раиси додгоҳи Хуҷанд дар толор гуфт, бинобар дар ҳолати омодабош қарор доштани мақомоти интизомӣ, ки айбдоршавандаро аз боздоштгоҳ то толори додгоҳ ҳозир накарданд, то рӯзи сешанбеи 3-юми июл дар мурофиаи парвандаи Мирсаидов таваққуф эълон мешавад.

Ҳолати омодабоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ дар рӯзҳои сафари кории шашрӯзаи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, то ҷумъаи 29-уми июн идома хоҳад дошт. Додгоҳи Мирсаидов 8-уми июн оғоз гардида, охири ҳафтаи гузашта додгоҳ бозпурсии шоҳидони ин қазияро, ки 25 нафаранд, анҷом дода буд.

Қарор аст масъулоне, ки санҷиши молии КВН и Тоҷикистонро анҷом дода, Мирсаидовро дар “азонихудкунӣ ё исроф”-и беш аз 100 ҳазор сомонӣ маблағи аз буҷа барои КВН ҷудошуда муқасир медонанд, бозпурсӣ шаванд.

Додгоҳ қаблан сармуҳосиби сараёсати ҷавоенони Суғдро бозпурсӣ намуда, ӯ гуфт, Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон то моҳи декабри соли 2017 қарзе бар дӯш надошт ва мушкил баъди боздошти ӯ дар моҳи декабри соли гузашта пеш омад.

Нурӣ Турсунова, сармуҳосиби раёсати ҷавонон рӯзи 19-уми июн зимни бозпурсиаш дар додгоҳи Хуҷанд ба ҳайси шоҳид гуфт, ки Мирсаидов дар охири соли гузашта танҳо 17,6 ҳазор сомонӣ қарз дошт ва ваъда карда карда буд, ки ба зудӣ санадҳои хароҷоти он "қарз"-ро ҳам пешниҳод мекунад.

Вале моҳи декабр мақомот ӯро боздошт карданд ва дар пай бо санҷиш (аудит)-е ӯро ба азхуд кардан ё исрофи ҳудуди 125 ҳазор сомонӣ маблағҳои аз будҷа барои КВН-и Тоҷикистон ҷудогардид,а айбдор карданд.

Ҳамин тавр, сармуҳосиби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд мантиқан тасдиқ кард, ки мушкили Мирсаидов пас аз он пеш омад, ки ӯ моҳи ноябр дар муроҷиатномае ба унвони раисҷумҳур Олим Зоҳидзода, раҳбари собиқи ин раёсатро ба маблағи 1 ҳазор доллари амрикоӣ ришвахоҳӣ аз ӯ, муттаҳам кард.

Зоҳидзода ин иддаоро бепоя номид ва аз поймол шудани шаъну шарафаш аз сӯи Мирсаидов бо паҳн шудани ин хабари ба қавли ӯ "бардурӯғ", ба додситонии вилояти Суғд шикоят бурд. Мақомот ба таҳқиқи ин қазия пардохта, Мирсаидовро дастгир ва алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Оим Зоҳидзода дар мурофиаи охир, ҷумъаи 22 июн ба қавли вакили дифоаш, "ба сабаби иштирок дар озмуне" иштирок надошт.

Рӯзи душанбеи 25-уми июн додгоҳ таваққуф дар бозбинии парвандаро дар вакилони дифои ҷонибҳо ва хабарнигорон, эълон кард.

Видеоҳои охирин

Ахбори Озодӣ аз 22-уми октябри соли 2018
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:15:00 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG