Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти пешини Қирғизистон замини кумитаи амниятро харид


Хонаи Алмосбек Отамбоев
Хонаи Алмосбек Отамбоев

Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон қитъаи замини марбут ба Кумитаи давлатии амнияти миллии кишварашро харидорӣ кард. Ин қитъаи замин дар наздикии ҳавлии Отамбоев дар деҳаи Кой-Тоши вилояти Чуй ҷойгир аст. Дар ин бора 25 июн маркази иттилоотии КДАМ хабар дод.

Ба иттилои ниҳоди мазкур, солҳои 1980 қитъаҳои замин дар деҳаи Кой-Тош ба кормандони КДАМ ҷудо шуда буд. Соли 2017 қитъаи замини наздик ба манзили Отамбоев ба хадамоти 9-уми муҳофизати президент дода шуд. Баъди анҷоми муҳлати президентии Отамбоев ин қитъаи заминро ба вай фурӯхтанд.

Дар ҳуҷҷатҳо навишта шудааст, ки замини КДАМ - қитъаи замини бе сохтмон аст, ки барои фаъолияти кишоварзӣ пешбинӣ шудааст. Аммо дар воқеъ, дар ин қитъаи замин хона бунёд ва дарахт шинонда шудааст. Ба навиштаи расонаҳо, давлат ин заминҳоро ба мақомоти қудратӣ барои истифодаи бе муҳлат додааст.

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар ҳоли ҳозир дар қароргоҳи давлатии "Ала-Арча" истиқомат мекунад. Вай дар он ҷо бо харҷи 1,3 млн доллар истироҳатгоҳ сохтааст.

XS
SM
MD
LG