Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зариф: "Номуваффақ шудани созиши ҳастаӣ барои Эрон хеле хатарнок аст"


Вазири умури хориҷии Эрон гуфтааст, номуваффақ шудани созиши ҳастаӣ барои Эрон хеле хатарнок аст.

Ба гузориши ИРНА -- хабаргузории расмии Ҷумҳурии исломӣ, Муҳаммадҷавод Зариф рӯзи якшанбеи 24-уми июн дар мулоқот бо аъзои Палатаи савдои кишвараш гуфтааст, "номуваффақ шудани созиши ҳастаӣ барои мо хеле хатарнок аст, гарчи агар маҷбур бошем ин корро мекунем, вале ин амр интихоби низом нест".

Вазири умури хориҷии Эрон ҳамчунин баён доштааст, "Амрико қудрати аввали иқтисодии дунёст, ки камари ҳиммат бастааст то... Эронро маҷбур ба хуруҷ аз созиши ҳастаӣ кунад."

Ширкатҳои бузурге, ки пас аз созиши ҳастаӣ муомилаҳоеро бо Эрон оғоз карда буданд, бинобар нигаронӣ аз таҳримҳои Амрико, умдатан аз Эрон хориҷ шудаанд.

Тавофуқи ҳастаӣ миёни Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ дар тирамони соли 2015 ба имзо расид, аммо Доналд Трамп дар авоили моҳи майи соли ҷорӣ хуруҷи Амрико аз ин созишномаро эълом кард. Оқои Трамп иддао кард, ки Эрон пас аз созиши ҳастаӣ низ ба тавсеаи барномаи мушакии дурпарвоз ва ҳамчунин "ҳимояташ аз терроризм" дар минтақа, идома додааст.

Паз аз он, Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико барои даст ёфтан ба як созиши нав, 12 шарт барои Ҷумҳурии исломии Эрон таъйин кард. Дар ҳоли ҳозир музокироте байни Эрон ва се кишвари аврупоӣ -- Олмон, Фаронса ва Бритониё дар ҳоли баргузорӣ аст, то сарнавишти созиши ҳастаӣ рӯшан шавад.

Дар ҳамин ҳол Муҳаммадҷавод Зариф рӯзи якшанбе гуфт, "ин тавр ҳам нест, ки "мо таҳти ҳеҷ шароите аз созиши ҳастаӣ хориҷ намешавем, аммо ҳадафи тарафи муқобилро медонем". Чунини иддао қаблан аз сӯи Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон низ такрор шуда буд, аммо мақомҳои амрикоӣ вокунише ба он нишон надоданд. Вазири умури хориҷии Эрон ҳамчунин гуфт, "имрӯз аврупоиҳо мегӯянд, ки замонат медиҳанд нафти Эронро харидорӣ кунанд."

Гуфтаҳои вазири хориҷии Эрон дар ҳоле нашр шуд, ки муовини ӯ Аббос Ароқчӣ гуфтааст, музокирот бо Аврупо дар ҳоли ҳозир "на ноумедкунанда аст ва на метавон ба он умедвор буд" ва расидан ба чорчӯбе барои идомаи созиши ҳастаӣ маълум нест". Ба гузориши расонаҳои расмии Эрон, Аббос Ароқчӣ рӯзи шанбеи 23-юми июн дар ҳамоише гуфтааст, ки пешниҳоди Аврупо то даҳ рӯзи оянда ироа хоҳад шуд.

Вазири умури хориҷии Эрон ва муовини ӯ, ҳар ду яке аз роҳҳои наҷоти созиши ҳастаиро "кор бо ширкатҳои хурд ва миёна"-и аврупоӣ зикр кардаанд. Ширкатҳои бузурге, ки пас аз созиши ҳастаӣ муомилаҳоеро бо Эрон оғоз карда буданд, бинобар нигаронӣ аз таҳримҳои Амрико, умдатан аз Эрон хориҷ шудаанд.

Мақомҳои се кишвари аврупоӣ -- Олмон, Фаронса ва Бритониё гуфтаанд, бо вуҷуди ихтилофи назар бо Амрико дар бораи созиши ҳастаӣ бо Эрон, дар бораи фаъолиятҳои мушакӣ ва ҳамчунин иқдомоти Ҷумҳурии исломӣ дар минтақа, комилан бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамназар ҳастанд.

XS
SM
MD
LG