Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои олии интихоботи Туркия: "Эрдуғон пирӯз шудааст".ВИДЕО


Шӯрои олии интихоботи Туркия, Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури феълии он кишварро барандаи интихоботи рӯзи якшанбеи 24-уми июн, эълон кард. Ба гуфтаи ин ниҳод, Эрдуғон беш аз 50 дарсади райъҳоро ба даст оварда ва ниёзе ба даври дувуми интихоботи президентӣ нест.

Раиси Шӯрои олии интихоботи Туркия субҳи душанбеи 25-уми июн гуфт, Раҷаб Таййиб Эрдуғон муваффақ шуд "аксарияти мутлақи орои саҳеҳ"-ро дар интихоботи раёсати ҷумҳури рӯзи якшанбе ба даст оварад.

Хабаргузориҳои давлатии Туркия мегӯянд, натиҷаҳои феълӣ нишон медиҳад, ки Раҷаб Таййиб Эрдуғон бо касби 52 дарсади раъйи интихобкунандагон, пирӯз аст ва пас аз ӯ Муҳаррам Инче, намояндаи Ҳизби ҷумҳурихоҳ бо 31 дарсад, дар ҷои дувум қарор дорад. Телевизиони давлатии Туркияи низ чунин оморро нашр карда ва гуфт, 99 дарсади сандуқҳои раъй ҳисоб шудаанд.

Расонаҳои давлатии Туркия мегӯянд, натиҷаи интихоботи порлумонӣ дар он кишвар низ ба нафъи Ҳизби адолат ва тараққӣ бо раҳбарии Раҷаб Таййиб Эрдуғон аст ва муттаҳидони он аст. Тибқи ин гузоришҳо, ҳизби Эрдуғон беш аз 42 дарсади раъйи интихобкунандагонро ба даст овардааст.

Дар Туркия интихоботи президентиву парламентӣ оғоз ёфт
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:09 0:00

Аз ин қабл, шаби гузашта Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури феълии Туркия, пирӯзияшро дар интихоботи президентӣ эълон кард ва гуфт, ки эътилофи таҳти раҳбарии Ҳизби адолат ва рушди ӯ бахши умдаи курсиҳои порлумонро ба даст овард. Эрдуғон соли 2003 ба нахуствазирии Туркия расид ва аз соли 2014 то ба ҳол раиси ҷумҳури он кишвар аст.

  • Интихоботи президентӣ ва порлумонии Туркия рӯзи 24-уми июн баргузор шуда, шаш нафар, аз ҷумла Салоҳиддин Димиртоши зиндонӣ, довталаби курсии раёсати ҷумҳурӣ буд. Дар Туркия тақрибан 60 миллион нафар аз ҳаққи раъй бархӯрдор аст.
Аз ҳоло мухолифони Эрдуғон нисбат ба омори эълоншуда аз тарафи хабаргузории расмии "Анадолу" шак доранд.

Эрдуғони 64-сола шаби якшанбе дар изҳороти кӯтоҳи телевизионӣ аз Истанбул гуфт, ки "миллати Туркия масъулияти раёсати ҷумҳурӣ ва маъмурияти иҷроиро ба ӯ супурдааст".

"Ин паёми рӯшан аст. Бо ҳузури тақрибан 90 дарсади раъйдиҳандаҳо дар интихобот, Туркия ба ҷаҳон дарси демократия дод", - гуфт ӯ ва айни замон афзуд, "умедворам ҳеч касе дар бораи натиҷаҳои интихобот шак накунад ва барои сарпӯш гузоштан бар шикастҳояш демократияро зери суол набарад."

Муҳаррам Инҷе ҳангоми раъйдиҳӣ
Муҳаррам Инҷе ҳангоми раъйдиҳӣ

Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар маъракаи пешазинтихоботӣ дар ҷамъи ҳаводоронаш аз низоми президентӣ ҳимоят карда ва гуфта буд, ки Туркия дар остонаи як "инқилоби демократӣ" қарор дорад ва бо тағйироти ахири Қонуни асосӣ, "болотар аз тамаддуни муосир" қарор гирифтааст.

Интихоботи Туркия дар шароите баргузор шуд, ки ин кишвар дар моҳҳои охир бо мушкилоте чун коҳиши бистдарсадии арзиши пули миллиаш рӯ ба рӯ шудааст. ​

Инчунин, баъди кудетои нокоми июли соли 2016, Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар кишвар вазъияти изтирорӣ ҷорӣ кард. Даҳҳо ҳазор нафар, аз ҷумла журналистони мунтақиди давлат боздошт шуда, садҳо ҳазор коргари давлатӣ ҷои кори худро гум карданд.

Аксари онҳоро давлат дар пуштибонӣ аз Фатҳулло Гулен, як руҳонӣ ва сиёсатмадори собиқ, гунаҳкор кард, ки феълан дар Амрико ба сар мебарад. Эрдуғон Гуленро дар ташкили кӯшиши табаддулот айбдор кард. Иттиҳоме, ки Гулен рад кардааст.​

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG