Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гирифторӣ ба телефону компютер бачаамро бемору асабӣ кард"


Созмони ҷаҳонии тандурустӣ вобастагӣ ба телефону бозиҳои компютериро беморӣ эътироф кардааст. Дар Тоҷикистон низ баъзе аз волидон мехоҳанд, истифода аз телефону компютер ба наврасон маҳдуд карда шавад. Шумо чӣ назар доред?

Ситора, як сокини ҷавони шаҳри Душанбе, мегӯяд, аз “гирифтории” ду кӯдаки хурдсолаш ба бозиҳои телефониву компютерӣ сахт нигарон аст. Ӯ рӯзи 24-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писари ҳафтсолааш ба дарди чашм гирифтор шуда, ин саргармӣ писари шашсолаашро “асабӣ ва дағал” кардааст.

“Агар аз дасташон телефон ё планшетро гирӣ, тамом. Гӯиё дунё ба охир расидааст. Саргарми бозиҳои компютерӣ ҳатто хӯрокро фаромӯш мекунанд. Агар бозиҳои компютериро пешниҳод кунӣ, мисли инки дунёро ҳадя додӣ, ором ва хушҳол мешаванд”, - нақл кард Ситора.

Баъзе бозиҳо то чаҳор соат идома мекунад ва кӯдакон дар муддат ҳама чизро аз ёд мебаранд. Дар ҳоле ки истифодаи чунин бозиҳо барои то 16-солаҳо дар шабонарӯз набояд аз 30 дақиқа зиёд бошад

"Бозии дигар намефорад"

Раҳимҷони 7-сола, писари Ситора, ҳоло аз дарди чашм азият мекашад ва волидон истифодаи телефону планшетро барои ӯ маҳдуд кардаанд. Худи наврас мегӯяд, бозиҳои телефону компютерро зиёд дӯст медорад ва агар аз ин бозиҳо маҳрум кунанд, нороҳат мешавад.

Дар посух ба суоли инки чӣ машғулият метавонад ҷои бозиҳоро бигирад, гуфт, “дигар бозиҳо намефорад. Агар сиҳат шавам, боз бо телефон бозӣ мекунам, барномаҳои ҷолиб дорад.”

Даҳҳо падару модари дигар дар Тоҷикистон мисли Ситора ва писари ӯ чунин мушкил доранд. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ низ расман вобастагӣ ба бозиҳои компютериро як навъ беморӣ эътироф карда, онро “Муътоди бозӣ” ном гузоштааст. Созмон мегӯяд, нишонаҳои гирифторӣ ба бозиҳо метавонад дар як муддати кӯтоҳ муайян шавад ваё хеле дер аз худ дарак диҳад.

Ин созмон гуфтааст, вобастагӣ ба бозиҳои компютерӣ метавонад дар зиндагии инсон мушкил эҷод кунад ва, инчунин, дар ҷараёни дарсу кор касро ба мушкилии зиёд рӯ ба рӯ созад.

Дар шабонарӯз - 30 дақиқа бозӣ?

Бо рушди фанновариҳои ҷадид бозиҳои маҷозӣ зиёд ва торафт барои омма дастрастар мешавад. Мутахассисони фанновариҳои нав дар Тоҷикистон мегӯянд, агар дар пешниҳоди ин навъ барномаву бозиҳо аз як сӯ манфиати молӣ нуҳуфтааст, аз тарафи дигар талоши таъсиррасонӣ ба мафкураи инсонҳост.

Аҳлиддин Салимов
Аҳлиддин Салимов

Аҳлиддин Салимов, мутахассиси фанновариҳои ҷадид мегӯяд, нармафзор ё бозиҳои компютерӣ тавре сохта шудаанд, ки кӯдакро ба худ ҷалб мекунанд. “Вақте дар бозӣ як зинаро тай мекунад, мехоҳад онро идома диҳад. Давомнокии баъзе бозиҳо то чаҳор соат аст ва кӯдакон дар муддат бақия чизро аз ёд мебаранд. Дар ҳоле ки истифодаи чунин бозиҳо барои наврасони то 16-сола дар шабонарӯз набояд аз 30 дақиқа зиёд бошад”, - гуфт ӯ.

Табибон ҳам мегӯянд, вобастагӣ ба ин бозиҳо ҷои дигар ниёзҳои инсон, аз ҷумла хӯрдану истироҳатро мегирад. Онҳо мегӯянд, вобастагӣ аз бозиҳои компютерӣ дар навбати аввал хоби кӯдаконро кам мекунад. Оқибати камхобӣ, ба гуфтаи онҳо, ба фарбеҳшавӣ оварда мерасонд.

Тарафдорон чӣ мегӯянд?

Аз назари равоншиносон ҳам вобастагӣ ба бозиҳои маҷозӣ шахсро афсурдаву гӯшанишин мекунад. Мадина Эргашева, равоншиноси тоҷик, гуфт, ҳангоми танҳо ва беназорат мондан, кӯдак метавонад ба чунин бозиҳо “муътод” шавад.

Мадина Эргашева
Мадина Эргашева

Эргашева афзуд, “ин бемориро намешавад якбора аз кӯдак дур кард. Аммо дар аввал соати бозиҳои компютериро барои кӯдак кам карда, аз ин ҳисоб ӯро ба машғулиятҳои фоидабахш ҷалб кардан зарур аст. Вақте кӯдак ба як низоми табиӣ ворид мешавад, дар ин ҳолат дур кардани онҳо осон мешавад.”

Ҳоло ҳазорҳо кӯдаки тоҷик ба телефону компютер дастрасӣ доранд. Баъзе сокинон мегӯянд, ин дастрасӣ на ҳамеша ар зарари наврасон аст. Ин афрод бовар доранд, ки наврасон бо истифода аз телефону компютер вориди интернет шуда, маълумоти ҷолиб ва иловагӣ хоҳанд ёфт.

“Онҳо давоми рӯз даҳҳо барномаи компютерӣ ва телефониро берун меоранд ва новобаста аз хурдсолӣ мисли калонсолон кор мекунанд. Яъне хуб аст, ки аз ҷаҳон қафо намемонанд. Агар ҳоло ин фанновариҳоро истифода накунанд, кай бояд истифода кунанд? Тамоми кори ҷаҳон бар асоси технологияи нав аст. Бояд биомӯзанду таҷруба кунанд”, - гуфт яке аз ҳамсуҳбатони мо.

Ин дар ҳолест, ки кӯдакони ду даҳсола пеш дар ин даврон танҳо афсонаву ҳикоя шунида ва дар рӯи ҳавлӣ саргарми бозӣ будаанд. Ва ҳоло қаҳрамони гузориши мо – Ситора низ талош дорад, писаронашро аз вобастагӣ ба телефону компютер раҳо карда, онҳоро ба китобхонӣ ва рассомӣ ҷалб кунад.

Шарҳҳоро бинед (14)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG