Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия гуфт, шаҳодати ҳамлаи кимиёӣ сохтакорӣ шудааст


Маскав ИМА ва муттафиқонашро дар он муттаҳам кард, ки шаҳодати истифодаи силоҳи кимиёӣ алайҳи сокинони мулкӣ аз ҷониби ҳукумати Сурияро сохтакорӣ кардаанд.

Игор Кириллов, як мақоми вазорати дифои Русия ва фармондеҳи нирӯҳои ҳимояи радиатсионӣ, кимиёӣ ва биологӣ рӯзи 22 июн гуфт, ки ҳамлаи эҳтимолӣ болои Хон Шайхун дар таърихи 4 апрел “як иғвои сохтакоришудаи гурӯҳи имдодрасони суриягии “Кулоҳҳои сафед” ва сармоягузорони онҳо буд. вай гуфт, ки ин нахустин бор буд, ки “як ҳамлаи кимиёӣ сохтакорӣ шуд”. Ҳукуматҳои ғарбӣ ва ҳам нозирони СММ нирӯҳои ҳукуматии Сурияро дар ҳамлае муттаҳам карданд, ки дар паи он 74 нафар кушта ва 550 тан маҷрӯҳ шуд.

Мария Захарова, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия гуфт, ки ҳукумати Сурия таҷҳизоти истеҳсолкунандаи силоҳҳои кимиёиро дар шаҳраки Дума пайдо карданд, ки зери назари гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ буд. Вай гуфт, ки баъзе қисматҳои ин таҷҳизот дар Аврупои Ғарбӣ истеҳсол шудааст. Захарова гуфт, ки Маскав омодаи пешкаш кардани шаҳодати дурустии ҳарфҳояш мебошад.

XS
SM
MD
LG