Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Туркманистон дар нақши муҳандис-озмоишгар. ВИДЕО


Президенти Туркманистон худрави варзишиеро шахсан таъмир ва озмоиш кард. Дар ин бора расонаҳои расмии Туркманистон рӯзи 19 июн хабар доданд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон "шахсан худрави варзиширо таъмиру бозсозӣ ва имкониятҳои онро озмоиш кард", - навиштанд расонаҳо.

Бердимуҳаммадов ин таъмиру озмоишро ҳамроҳ бо писараш анҷом дод.

"Роҳбари Туркманистон ҳангоми ташхиси худрав, чархҳо ва чанд ҷузъи дигарро иваз кард, баъдан муҳаррик ва қисмҳои дигарро аз назар гузаронд. Чунин муносибати бо масъулияти роҳбари давлатро мо дар ҳамаи кор мебинем", - навиштанд расонаҳо.

Ба ҷуз аз ҳунари ронандагӣ, президенти Туркманистон дар чанд навъи дигари варзиш, аз ҷумла дар аспсаворӣ, дучархаронӣ, голф ва ғайра сабқат мекунад. Вай ҳамзамон муаллифи бештар аз 40 китоб ва чандин тарона аст, ки бархе аз ин таронаҳоро оҳанг бастааст.

Президенти Туркманистон дар нақши муҳандис-озмоишгар
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:26 0:00

XS
SM
MD
LG