Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон аз оғози сол то ҳоло 13 масҷиди нав боз шуд


Аз ибтидои сол то кунун дар Узбекистон 13 масҷиди ҷомеъ кушода шуд. Дар ин бора муфтӣ Усмонхон Олимов, раиси Идораи мусалмонҳои Узбекистон рӯзи 21 июн дар анҷумани байналхалқии "Арзишҳои маънавии умумии халқҳои бародар", ки дар Қазоқистон баргузор шуд, иттилоъ дод.

"Танҳо дар вилояти Сурхандарё 7 масҷиди ҷомеъ ба фаъолият оғоз кард", - гуфт Усмонхон Олимов.

Дар ҳамоиши мазкур наздики 600 намояндаи мазҳабии Узбекистону Қазоқистон ширкат доштанд. Онҳо дар бораи таҷрибаи кор, масоили касбӣ ва омӯзиши ходимони масҷид, масъулияти онҳо, нақши онҳо дар ҷомеаи муосир гуфтугӯ карданд.

Пештар аз ин хабар расид, ки дар Узбекистон тасмим доранд, дар канори шоҳроҳҳо масҷидҳои хурд бунёд кунанд. Ба ҷуз ин, дар фурудгоҳи байналхалқии Тошканд дар соли 2017 намозхона кушода шуд.

XS
SM
MD
LG