Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷанги таруфаҳо" - Аврупо то 50% бар колоҳои амрикоӣ молиёт ҷорӣ кард


Иттиҳодияи Аврупо субҳи ҷумъаи 22-юми июн бар воридоти бархе аз молу колоҳои амрикоӣ, таруфаҳои вазнин ҷорӣ кард. Ин иқдоми Иттиҳодияи Аврупо дар вокуниш ба тасмими Амрико дар аввалҳои моҳи июн аст, ки барои пӯлод ва алюминиюми тавлидшуда дар Аврупо, таруфаҳои гумрукӣ вазъ намуда буд.

Таруфаҳои нав шомили колоҳои амрикоӣ, аз ҷумла машруботи спиртӣ, либосҳои ҷинс ва моторсиклҳо ба арзиши 3,2 миллиард доллар, хоҳад буд. Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Жан-Клод Юнкер, раиси Комиссияи Иттиҳодияи Аврупо рӯзи панҷшанбе гуфт, ҷорӣ кардани таруфаҳои гумрукӣ аз сӯи Амрико ба воридоти маҳсулоти аврупоӣ, "ғайри мантиқӣ" аст. Раиси Комиссияи Аврупо афзуд, "посухи мо бояд шаффоф ва мутаносиб бошад."

Ҷорӣ кардани таруфа бар бархе аз маҳсулоти амрикоӣ аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо нишондиҳандаи муқобилаи монанд аз ду тараф аст, ки метавонад ба як ҷанги тиҷоратӣ сабаб шавад.

Ҳукумати Доналд Трамп дар авоили моҳи ҷорӣ бар пӯлоди воридотӣ аз Аврупо, Канада ва Мексика 25 дарсад ва бар алюминиюми воридотӣ аз он кишварҳо 10 дарсад таруфаҳои гумрукӣ ҷорӣ кард. Арзиши молии пӯлод ва алюминиюми Аврупо, ки акнун шомили таруфаҳои Амрико аст, ба 6,4 миллиард евро мерасад.

Ҷорӣ кардани таруфа бар бархе аз маҳсулоти амрикоӣ аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо нишондиҳандаи муқобилаи монанд аз ду тараф аст, ки метавонад ба як ҷанги тиҷоратӣ сабаб шавад, ба хусус агар Доналд Трамп таҳдиди худ дар мавриди ҷорӣ кардани таруфаҳои гумрукӣ бар мошинҳои сохти Аврупоро амалӣ кунад.

Ҳукумати Канада низ эълом кард, ки дар вокуниш ба ин иқдоми Амрико, аз аввали моҳи июл бар 12,5 миллиар доллар колоҳои истеҳсоли Амрико таруфаҳои гумрукӣ ҷорӣ хоҳад кард ва Мексика низ аз ду ҳафта пеш маҷмӯае аз колоҳои амрикоӣ, аз ҷумла пӯлод, хук ва машруботи спиртиро шомили пардохти гумрукӣ кард.

Ба навиштаи хабаргузории "Рейтерз", дар сурати бештар шудани ин чораҳо аз ду ҷониб, ки коршиносон онро "набарди таруфаҳо" меноманд, эҳтимоли як ҷанги тиҷоратии ҷиддитаре вуҷуд дорад, ки паёмадҳои он бар иқтисоди ҷаҳон бад хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG