Дар пайи бориши зиёд дар деҳаи Вешканди ноҳияи Айнӣ сел омада, ба хонаи сокинон зарар расондааст. Ин офати табиӣ рӯзи 21-уми июн роҳи Айнӣ-Панҷакентро низ қисман масдуд кард.
Мирзошо Мирзошоев, сардори Идораи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Айнӣ, гуфт, “сел ба манзили шаҳрвандон даромада, ба онҳо зарар расондааст.”
Як сокини деҳаи Вешканд дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, сел ҳамроҳи худ аз куҳ санг фаровард ва роҳи асосиро баст. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, феълан нақлиёт роҳи Душанбе-Чаноқро бо мушкил убур мекунанд.
Масъулони идораи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Айнӣ мегӯянд, талафоти ҷонӣ сабт нашудааст ва зарари сел дар деҳаи Вешкандро рӯзи дигар эълон мекунанд.
Баҳору тобистони имсол дар Тоҷикистон офатҳои табиии зиёд рух дод. Борони зиёд ва сел дар вилояти Хатлон, бахусус ноҳияҳои Панҷу Фархор, Хуросону Бохтар хонаҳои даҳҳо нафарро вайрон кард ва даҳҳо гектар зироат ва киштзори мардумро аз байн бурд. Дар натиҷаи фалокатҳо се нафар ҷон доданд.