Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон бо сафари шашрӯза ба Суғд меравад


Сентябри соли 2017, боздид аз Суғд. Акс: president.tj
Сентябри соли 2017, боздид аз Суғд. Акс: president.tj

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо як сафари шашрӯза ба вилояти Суғд меравад. Дар ин сафар президент қарор аст аз чор шаҳру ноҳияи ин вилоят дидан кунад.

Як мақом дар ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 21 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон ва шаҳрҳои Истаравшану Конибодом боздид мекунад.

Ба қавли манбаъ, сафари раисҷумҳур ба вилояти Суғд 23 июн шуруъ шуда то 28 июн идома мекунад. Ҳамсуҳбати мо афзуд, ҳадафи аслии сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд иштирок дар ҷашни Ваҳдат аст, ки қарор аст 27 июн дар шаҳри Конибодом баргузор шавад. Инчунин Эмомалӣ Раҳмон чандин иншоотро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад.

Омодагӣ ба ҷашни Ваҳдат дар шаҳри Конибодом ҳанӯз аз ду моҳи қабл шуруъ шуда буд. Тоҷикистон имсол аз 21-уми солгарди имзои Созишномаи сулҳ ё ҷашни Ваҳдат истиқбол мекунад.

Шаҳри Конибодом дар соле ба ҳайси минтақаи мизбони ҷашни Ваҳдати ҷумҳуриявӣ интихоб шуд, ки муносибати Тоҷикистону Узбекистон пас аз солҳо беҳбуд ёфт.

XS
SM
MD
LG