Пайвандҳои дастрасӣ

Академик Раҳим Масов аз сактаи мағзӣ даргузашт. АКС


Ҷасади Масов аз бемористон ба хона интиқол ёфт

Академик Раҳим Масов – донишманди маъруф, муаллифи китоби "Таърихи табартақсим" ва собиқ раиси Пажуҳишгоҳи таърих ва бостоншиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон – бар асари сактаи мағзӣ дар 79-солагӣ даргузашт. Ин донишманди шинохта рӯзи 21-уми июн ба шуъбаи эҳёгарии бемористони рақами сеи пойтахт интиқол ёфта буд.

Ман дар хонаи бачагон дар "детдом" бузург шудаам. Касе набуд, ки дастгирӣ кунад. Ҳамаро бо заҳмати худ ба даст овардам.

Маросими видоъ бо академик Раҳим Масов соати 7-и рӯзи 22-юми июн дар манзилаш, дар пушти Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон, баргузор хоҳад шуд. Сипас ӯро дар оромгоҳи Лучоб, дар канори Муъмин Қаноат ва Бозор Собир, ду шоири маъруфи тоҷик, дафн мекунанд.

"Масов фақат таърихшинос набуд"

Манзили академик Раҳим Масов
Манзили академик Раҳим Масов

Ҳамза Камол, корманди Пажуҳишгоҳи таърих ва бостоншиносии Фарҳангистони улум, мегӯяд, Раҳим Масов натанҳо таърихшинос, балки як шахси сиёсӣ ва иҷтимоӣ буд. "Ҳанӯз дар солҳои 90-уми асри гузашта бо навиштани китоби "Таърихи табартақсим" дар Тоҷикистону кишварҳои дигари Осиёи Миёна ҳамчун муаррихи воқеанигор шинохта шуд. Хусусан рағбати хоси мардуми тоҷикро ба худ бештар кард", - афзуд ӯ.

Ҳамза Камол гуфт, академик Раҳим Масов инсони боҷасарот буд ва дар ҷараёни ба даст омадани сулҳи тоҷикон низ саҳм гузоштааст: "Инсони озода ва ошкоргӯ буд. Ба фаъолияти шогирдон дар мавриди навиштани рисолаҳои таърихӣ аҳамияти бисёр ҷиддӣ медод. Узви собиқ Кумисюни

Ҳамза Камол
Ҳамза Камол

​оштии миллии тоҷикон буд ва бо он ҷасорате, ки дошт ба минтақаҳои ҷангзада мерафт. Бо фармондеҳони пешин мулоқот мекард ва водор менамуд, ки силоҳҳоро ба замин гузоранд."

Тарҷумаи ҳол:

Академик Масов зодаи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, таҳсили ибтидоиро дар Хонаи бачагони Хоруғ ва Душанбе гирифтааст. Дар соли 1961 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси таърихшинос хатм кард ва дар Академияи илмҳои Тоҷикстон ба кор оғоз намуд.

Аз маъруфтарин таълифоти академик Раҳим Масов китоби “Таърихи табартақсим” мебошад, ки ба гуфтаи донишмандон, гардише дар тафаккури таърихнигории кишвар буд. “Тоҷикон, бо муҳри комилан махфӣ”, “Тоҷикон: фишороварӣ ва ассилимилятсия” ва “Тоҷикон: таърихи фоҷиаи миллат” аз асарҳои дигари машҳури ин донишманд ба шумор мераванд.

​Академик Раҳим Масов аз соли 1988 то соли 2015 дар мақоми сарвари Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ соли 2013 сазовори ҷоизаи “Ситораҳои Иттиҳод” гардида буд. Ин ҷоиза соли 2009 аз ҷониби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъсис ёфтааст.

Радиои Озодӣ чанд дафъа бо Раҳим Масов гуфтугӯи ихтисосӣ дошт ва ҳоло нуқтаи назарҳояшро дар бораи масоили мухталиф нашр мекунад:

Масов дар бораи қурб ва манзалати академик

“Воқеан, академик соҳиби обрӯву эътибори зиёд буд. Солҳои пеш агар барои мулоқот ва суханронӣ чунин нафарон ба манотиқи кишвар сафар мекарданд ё фиристода мешуданд, котиби аввали горком ва ё райком ӯро истиқбол мегирифт. Раисон ҳамроҳи академик мерафтанд ва дар мулоқот иштирок мекарданд. Ҳозир ҳатто намедонанд, ки бинои Академия дар куҷост ва академик чӣ маъно дорад ва аъзо-корреспондент чӣ асту олим кист. Ин ҳарфҳо дигар нест. Қурби олим паст шудааст. Ҳозир қурби савдогарон, онҳое, ки пул доранд, баланд шудааст. Раҳим Масовро мешиносанд, на ба он хотир, ки ӯ академик аст. Масовро аз рӯи китобҳояш мешиносанд. Вале онҳое, ки ин гуна китобҳоро надоранд, чӣ кор кунанд?”

Масов дар бораи мағрурӣ

“Аз хурдӣ хислати сар хам кардан пеши касеро надоштам. Ҳам дар мактаби миёна, ҳам дар донишгоҳ ва ҳам дар Академия ҳарфамро мезадам. Ман дар хонаи бачагон дар «детдом» бузург шудаам. Касе набуд, ки дастгирӣ кунад. Ҳамаро бо заҳмати худ ба даст овардам. Гоҳо ҷанҷол ҳам мекунам. Аммо ҳеҷ гоҳ ба дил намегирам. Гапамро рӯирост мегӯям, вале аз пушт намегӯям. Кина намегирам.”

Масов дар масъалаи марз бо Узбекистон ва Қирғизистон

“Ман узви Комиссяи давлатии демаркатсия ва делимитасия бо Узбекистон ва бо Қирғизистон будам. Ин дар давраи роҳбарии Қаҳҳор Маҳкамов буд. Мо пешниҳод кардем, ки он вақт ба масъалаи таъйини хатти марз розӣ хоҳем буд, агар Узбекистон як нуктаро қабул ва эътироф кунад. Агар Узбекистон эътироф кунад, ки шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро шаҳрҳои таърихиву мадании тоҷикон аст. Инро бояд расман қабул кунад. Пас, дар ин сурат мо демаркатсия мекунем. Вагарна не. Инро Узбекистон қабул накард. Мо ҳам гуфтем, ки намекунем ва имрӯз низ ин корро кардан лозим нест. Ин сарҳадҳо нон намехӯранд. Чин масоили марзиро, ки ҳоло дар миён гузошт, ҳеҷ вақт пеш намеовард. Меистод. Ҳоло, ки Чин хест, бақувват шуд ин масъаларо пеш овард. Он вақте ки Чин заиф буд, хомӯш меистод. Сиёсат ҳамин хел аст. Мо низ хомӯш бояд бошем. Онро насли даҳум меояду ҳал мекунад ва ё баъди он, аммо ҳоло сукут бояд кард.”

Масов дар бораи марз бо Чин

"Чин талаби бештар дошт. Ман розӣ нашудам. Охир, онҳо ягон ҳаққи таърихиву қонунӣ надоштанд. Инро исбот кардем ва навиштем, ки чиниҳо ягон ҳақ надоранд. Инҷо ҳудуди қадимиву муқимии тоҷикҳост. Даъво доранд, ки як вақтҳое кадом як лашкаркаши хитоӣ он ҷо омада будааст. Агар ин хел бошад, барои мисол, Чингизхон омаду Осиёи Миёнаро забт карду гирифт. Пас, ҳоло муғулҳо бояд бигӯянд, ки Осиёи Миёна аз мост? Ва ё Наполеон омада то Русияро гирифт, пас фаронсавиҳо бояд гӯянд, ки Русия аз мост? Ин хел намешавад."

Масов дар бораи муносибат бо президент

“Муносибати мо бо президент хуб аст. Шояд ҳоло камтар вақт доранд. Пештар вақте ҷумҳурӣ нотинҷ буд, шароит дигар буд. Гурӯҳҳои мухолиф дар баъзе ҷойҳо ҷойгир шуда буданд. Бо фармони президент он маҳалҳо рафта кор мекардем. Мисол, дар ноҳияи Ванҷ намояндаҳои мухолифин буданд, ки онҷо рафтам. Як нафар, ки ҳоло вазифаи баланд дорад ва ҳамроҳи ман буд аз Хоруғ он тараф нарафт, тарсид. Ман гуфтам, биё, равем ман кафолат медиҳам, вале агар маро куштанд, туро низ мекушанд. Нарафт. Танҳо рафтам. Ман аз Ванҷам ва гузаштаҳоям низ аз ин ҷост. Бобоям дар замонаш қозии Ванҷ будаст. Авлоди намоён. Рафтам наздашон. Ҳама ришҳо овезон. Гуфтам шумо кӣ ҳастед, як ба афтатон нигоҳ кунед. Чӣ мехоҳед? Гуфтам, тақдири миллат дар он даштҳо ҳал мешавад, дар Ванҷ не. Осмони Ванҷ танг аст. Ин ҷо мардуми бечораро шумо чӣ азият медиҳеду оппозитсия гуфта мегардед.”

Масов дар бораи муҳаббат ба саг

“Ман сагро аз хурдӣ дӯст медорам. Саг беҳтарин дӯсти инсон аст. Вафодор ва ҷоннисор. Ҳозир як саг дорам, ки Чакӣ ном дорад. Чак Норес як ҳунарманди амрикоист. Ба чашматон менигарад, медонед, ки вай чӣ мехоҳад ва ё ман чӣ мехоҳам. Вай мисли он сагҳое нест, ки нони қоқро партоед, давида рафта бигирад. Аввал ин ки сагро нагиред. Вале вақте гирифтед, саг бояд мисли узви оила бошад. Яъне чизе, ки мехӯред, ба саг ҳам бидиҳед. Ба вай нигоҳубин кардан лозим аст. Аслан сагҳоям се-то буд. Яке аз онҳо куҷое рафту барнагашт. Гуфтанд шояд сагбозҳо гирифтанд. Аммо Чакӣ дар дохили панҷара аст, берун рафта наметавонад. Як вақт Кофӣ Аннон, собиқ дабири кулли Созмони милал ба Душанбе омад ва аз осорхонаи бостоншиносӣ дидан кард. Ман ӯро бо ҳамроҳии Чакӣ истиқбол кардам. Як одами мансабдор он ҷо гуфт, ки чаро ин сагро ба ҳамроҳ овардед? Гуфтам, ин саг аз баъзе одамҳои сагмизоҷ хуб аст.”

Масов дар бораи завқ

“Як вақт як одами баландмақоме гуфт, ки ман занҳоро «нағз» мебинам. Гуфтам занро кӣ «нағз» намебинад? Дар ҷавонӣ як одами зебо будам. Занҳо маро меписандиданд. Лекин бероҳагӣ намекардам. Ҳамеша интихоб буд. Оилаамро, ки баъдан вафот кард, дӯст медоштам.”

Масов дар бораи дӯст

“Дӯстҳо ҳастанд. Ҳам дӯстҳо ва ҳам душманҳо. Китобҳоеро, ки навиштам “Таърихи табартақсим”, “Таърихи таҳти мӯҳри комилан махфӣ” ва “Тоҷикон: омезиш ва хориҷшавӣ” ва ғайра, ки на ба ҳама маъқул аст. Кам нестанд онҳое, ки на танҳо дар хориҷ, балки дар дохил низ онҳоро хуш қабул накарданд.”

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG