Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйири кадрӣ дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон


Бо қарори ҳукумат дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон як қатор тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст.

Ин ҷобаҷоии кадрҳо ба дунболи нишасти имрӯзаи ҳукумати Тоҷикистон зери садорати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифта ҳамин тавр Шодихон Юсуфбеков - директори Пажӯҳишгоҳи илмҳои гуманитарӣ, Раҳим Масов - директори Пажӯҳишгоҳи таърих, бостонӣ ва мардумшиносӣ, Ҳикмат Мӯъминов - директори Пажӯҳишгоҳи физика ва техника ва Зарулло Раҳмонов - директори Пажӯҳишгоҳи математика таъйин гардиданд.

Аз ин пештар дар авоили моҳи апрели соли равон Акбари Турсон-раҳбари Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ таъйин шуда буд. Ин донишманди тоҷик, ки 15 соли ахир дар Амрико ба сар мебурд, баъд аз ислоҳоти ахир дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ба ин мақом таъйин шуд. Акбари Турсон дар авохири солҳои ҳаштодум ва оғози солҳои навадуми қарни гузашта низ раёсати Институт ё Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.

Тағйироти кадрӣ дар раҳбарияти Фарҳангистони улум дар ҳоле сурат мегирад, ки дар авоили соли ҷорӣ бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, 10 пажӯҳишгоҳи Фарҳангистони улуми ин кишвар дар 5 пажӯҳишгоҳ муттаҳид шуда буд.

Ин иқдом дар чаҳорчӯби ислоҳоти сохториву маъмурии Фарҳангистони улум сурат гирифта буд, ки ҳарфаш аз ду соли қабл дар забонҳо уфтода буд.

Аз ҷумла Пажӯҳишгоҳи наботот бо Пажӯҳишгоҳи физиология, Пажӯҳишгоҳи иқтисод бо Пажӯҳишӯгоҳи демография, геология бо зилзилашиносӣ, давлат ва ҳуқуқ бо фалсафа ва Пажӯҳишгоҳи шарқшиносиро бо Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт як карда буданд.

Аммо ба гуфтаи масъулин, дар ҷараёни ислоҳот танҳо ихтисори маъмурияти ин пажӯҳишгоҳҳо дар назар буда, касе аз ходимони илмӣ мавриди ихтисор қарор нахоҳад гирифт.

Мамадшоҳ Илолов, раиси Академияи улуми Тоҷикистон дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ниҳодҳои илмии вобаста ба ин Фарҳангистон батадриҷ рӯи худкифоӣ роҳ хоҳанд паймуд ва онҳо мехоҳанд бо таъмини маошҳои беҳтар, роҳро барои вуруди ҷавонон ба арсаи илм боз кунанд.

Ба гуфтаи масъулини Фарҳангистон, як далели шурӯъи ислоҳот аз интихоби касби олимӣ ба иллати маоши ночиз даст кашидани насли ҷавон буд, ки ба сурати умум, боиси “пир” шудани илми тоҷик шудааст.

Академияи илмҳои Тоҷикистон дар соли 1951 дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ таъсис шудааст. Академик Маҳмадшо Илолов аз соли 2005 ин ҷониб раёсати ин ниҳоди илмиро бар дӯш дорад.
XS
SM
MD
LG