Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Р.Масов: «Бояд ҳаракат кунем, ки номи тоҷик бад нашавад»


Ахиран олими маъруфи тоҷик академик Раҳим Масов, сарвари Пажўҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба дарёфти ҷоизаи «Ситораҳои Иттиҳод» мушарраф гардид.

Ин ҷоиза ба шахсиятҳои арзандаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар густариши робитаи байни кишварҳо саҳм гузоштаанд, тақдим мегардад. Дар оғози сӯҳбат устодро бо ин ҷоиза табрик кардем ва пурсидем, ки он бо назардошти чӣ корҳое ба ӯ тақдим гаштааст.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:31 0:00
Линки мустақим



Раҳим Масов: Баъзе асарҳои ман, ки дар давраи шӯравӣ ва замони истиқлол перомуни робитаҳои Тоҷикистону Русия навишта шудаанд, бо ин ҷоиза қардонӣ шуд. Чаро ман дар ин мавзўъ китоб навиштам? Муносибати мо ба Русия на танҳо дар давраи нав, балки аз замони Сомониён оғоз гардидааст ва то имрўз идома дорад. Савдогарони тоҷик ба шаҳрҳои Новгород, Қазон, Астрахан, Киеви Рус, Маскав рафта мол мехариданд. Мову мардуми ҳиндуаврупоием. Дар миёни халқҳои Осиёи Миёна аз ҷиҳати забон, маданият ва пайдоиш ба русҳо наздиктарем. Вақте Осиёи Миёнаро ба русҳо ҳамроҳ карданд, бисёр шаҳру ноҳияҳои мо аз ҷумла, Бадахшон, Зарафшон, Рашт ихтиёран ба Русия ҳамроҳ шуданд. Баъзе шаҳрҳо муқовимат нишон доданд. Қўшунҳои рус мегуфтанд, ки мо омадем, то бародарони худ, ориёиҳоро аз чанголи турку муғул раҳо кунем. Аз Аморати Бухоро суде набуд. Бухорои Шарқӣ як кишвари қафомондатарин буд.Тамоми аломатҳои ҷомеа, шурўъ аз ибтидоӣ то ғуломдориву феодалӣ дар он ба назар мерасид. Русия аввал хонигарии Қўқанд ва Хиваро гирифт. Тоҷикон дар заводҳои он ҷо кор мекарданд, чун дар кўҳистон кор набуд. Синфи коргари Осиёи Миёна танҳо аз тоҷикон иборат буд. Баъди ба Русия ҳамроҳ шудан Осиёи Миёна рушд кард, бо роҳи капитализм рафт. Завод, роҳи оҳан, мактабҳои олӣ ва махсус ифтитоҳ ёфт. Тиб рушд кард. Бисёр бемориҳои қадимаи сироятии тоҷикон аз байн рафтанд. Ҳозир ҳам дар Тоҷикистон бисёр ниҳодҳои Русия вуҷуд доранд, пойгоҳи 201, госпиталҳо, намояндагии донишгоҳҳо аз ҷумлаи онҳост.

Озодӣ: Бо ин ҳама чаро то имрӯз русҳо тоҷиконро ҳамчун мардуми худӣ қабул надоранд. Дар масъалаи муҳоҷирати кории тоҷикон ба Русия мушкилот зиёд аст.

Раҳим Масов: Муҳоҷират яке аз масъалаҳои мушкил аст. Беш аз як миллион нафар дар Русия кор мекунанд. На танҳо аз Тоҷикистон, балки аз тамоми Осиёи Миёна ба он кишвар мераванд, ки барои Русия душвор аст. Бояд дар Тоҷикистон синфи коргари касбӣ тайёр карда, баъд равон созем. Муҳоҷиратро ба як қоида даровардан даркор. Одамон бояд ҳуҷҷатдошта бошанд ва барои
кор даъват шаванд. Ба Русия коргар лозим аст. Вале бархе тоҷикон қоидаву қонун ва фарҳанги он ҷоро риоя намекунанд. Аз ноҳияҳои кўҳистон Душанберо надида рост ба Маскав мераванд. Байнашон занҳою кўдакон ҳастанд. Дар як хонача 20-30 нафар зиндагӣ мекунанд. Маданияту урфу одати ҳамон ҷоро қабул кардан даркор. Дар Аврупо ҳам чунин аст. Ба наздикӣ дар телевизиони Русия қатори Тоҷикистонро нишон доданд, ифлос буд, хўрокаш бад. Ин ҷо айби Русия? Баъзе чизҳо аз мо ҳам вобастагӣ дорад. Мо бояд ҳаракат кунем, ки номи тоҷик бад нашавад, тоҷикро паст назананд, таъна накунанд. Дар Душанбе ҳам русҳо зиёданд. Нисфи кормандони пажўҳишгоҳи мо русзабонҳоянд. Мо китобҳоро ба забони русӣ менависем, то ба ҳама фаҳмо бошад. Забони русӣ забони гуфтугўи байни миллатҳост.

Озодӣ: Чанд сол қабл шумо пешниҳод карда будед, ки ба забони русӣ ҳам дар Тоҷикистон мақоми давлатӣ дода шаванд. Ин пешниҳод норизоятро ба вуҷуд овард.

Раҳим Масов: Ман ҳоло ҳам дар чунин фикрам. Замони шӯравӣ аксарият дар мактабҳои олӣ бо забони русӣ мехондем, донишмандони рус дарс медоданд, вале мо забони модариро фаромўш накардем. Ҳеҷ вақт фаромўш намекунем. Тўли таърих моро юнониҳо, арабҳо, муғулҳо, туркҳо забт карда буданд, аммо забони тоҷикиро фаромўш накардем. Баръакс забони тоҷикӣ дар бисёр хонигариҳои Осиёи Миёна забони давлатӣ буд.

Озодӣ: Шумо аз мавҷудияти баъзе ниҳодҳои Русия дар Тоҷикистон ёд кардед, вале шартномаи тамдид шудани муҳлати буду боши пойгоҳи 201 нигарониҳои зиёде ба вуҷуд овард. Мегўянд, сарҳадро бояд артиши худамон ҳимоя кунад…

Раҳим Масов: Шумо ҳолати артиши моро медонед? Ҳамон артиш моро ҳимоя карда метавонад? Артиш бояд аз тамоми ҷиҳат таъмин бошад. Аслиҳа, либос, ғизои мувофиқ ва таълими дуруст дошта бошад, он гоҳ муҳофизат карда метавонад. Чаро замони шўравӣ ҷавонони тоҷик ба кишварҳои дур рафта хидмати ҳарбиро анҷом медоданд, лекин имрўз ба хидмат рафтан намехоҳанд. Онҳоро «облава» мекунанд. Аз ин маълум мешавад, ки шароит дар хидмат хуб нест. Сарҳади байни мову Афғонистонро русҳо ҳимоя мекунанд.

Озодӣ: Мо бо Чин низ ҳамсарҳадем ва робитаҳо бо он кишвар густариш меёбанд. Ҳатто як қитъаи замини Тоҷикистонро ба Чин додем. Ва шумо мухолиф будед…

Раҳим Масов: Ҳоло ҳам мухолифам. Вақте онҳо талаб карданд, мо ҳам бояд аз онҳо заминамонро талаб кунем. Дар Чин водии Сариқӯл ҳаст, ки он ҷо ҳама тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Ин замин аслан замоне моли мо буд.

Озодӣ: Пас, барои чӣ онро талаб намекунем?

Раҳим Масов: Ман намедонам. Инро бояд аз масъулон пурсид. Ман чанд бор пешниҳод кардам. Дар ҳайати гурўҳи корӣ ширкат доштам. Чун мухолиф будам, маро дигар роҳ надоданд. Як ман мухолиф будам. Агар мо ҳам талаби замин кунем, онҳо хомӯш мемонанд. Он ҷо чиниҳо нестанд, он замини қадимии мо, тоҷикон аст. Он ҷо қабристони тоҷикон, ёдгориҳои тоҷикон ва забони тоҷикист. Чаро талаб накунем? Мо барои ин ҳуҷҷату далелҳои таърихӣ дорем.

Озодӣ: Зери назари шумо китоби шашҷилдаи «Таърихи тоҷикон» нашр мешавад. Рӯйдодҳои замони истиқлолро дар он аз кадом зовия таҳлил мекунед?

Раҳим Масов: Мо дар китоб гурўҳҳоро нишон намедиҳем, номҳоро зикр намекунем. Мо таҳлил мекунем, ки сабабҳои ҷанги дохилӣ чӣ буд? Сабабҳои дохилию, беруниашро баррасӣ мекунем. Чӣ қадар зарар овард? Моро чанд сол ақиб партофт. Ҷангро қуввваҳои дохилию берунӣ сар карданд. Мехостанд давлати исломӣ созанд. Вале мо намехостем, 99 дарсади мардум инро намехост. Мо дар давраи шӯравӣ, замони демократияю озодӣ ба воя расидаем.

Озодӣ: Мегўянд, ки Тоҷикистон баъди бист сол давлати исломӣ мешавад…

Раҳим Масов: Ҳизби исломӣ ҳаст, вале давлати исломӣ намешавад. Ҳеҷ мумкин нест. Инро на танҳо мо намемонем, балки ҳамсояи мо низ намехоҳанд. Русия бепарво меистад? Ҳоло бинед Русия дар чӣ ҳолат аст. Чандин ҳизбу ҳаракатҳои экстеримистии исломӣ созмон ёфтаанд. Мо тоҷикем, дину мазҳаб чизҳои дуюмдараҷа. Мо дар таърих чандин дину мазҳабро гузаштем, исломиро ҳам мегузарем. Мо эронизабон ҳам нестем. Решаи калимаи тоҷик «тоҷ» аст.

Озодӣ: Калимаи «тоҷик» кай пайдо шудааст?

Раҳим Масов: Қариб се ҳазор сол пеш. Номи миллати мо ба таври табииву таърихӣ дар асрҳои 8-9 мелодӣ пайдо шуд.

Озодӣ: Ба баъзе асарҳои Шумо муаррихони узбак назарҳои танқидӣ доранд. Инро чӣ гуна қабул мекунед?

Раҳим Масов: Онҳо доду вой мекунанд, вале наменависанд. Чун далел надоранд. Ҳар чизе ки ман менависам, дар асоси далелу санад даст. Номи китоби «Таърихи табартақсим»-ро ҳам аз рӯи ҳуҷҷат гирифтам. «Это работа было проведена топором. К этому мы потом возвратимся», - омадааст дар қарор оид ба тақсимоти ҳудудӣ. Вале барнагаштанд.

Озодӣ: Баргардем ба мавзӯи ҷоизаи шумо. Агар махфӣ набошад, маблағи он чӣ қадар аст?»

Раҳим Масов: 64 ҳазор доллар.

Озодӣ: Онро ба кадом кор сарф карданиед?

Раҳим Масов: Ман Бунёди ҷамъиятии «Академик Раҳим Масов» дорам. Мо конфронсу маҳфилҳо мегузаронем. Ба баъзе донишҷӯёну унвонҷӯйҳо ёрӣ мерасонем. Мехоҳам маблағ зиёдтар бошад ва онро ба кори хубу арзандае сарф кунам».

Озодӣ: Яъне, маблағро ба кори ҷамъиятӣ сарф карданиед. Пас, аз зиндагии шахсиатон шикояте надоред?

Раҳим Масов: Ман танҳо зиндагӣ мекунам. Аз оилаи якумам барвақт ҷудо шуда будам. Аз ӯ як писар дорам, ки беш аз панҷоҳ сол аст дар Русия зиндагӣ мекунад. Оилаи дуюмам вафот кард, духтарам низ. Ҳоло парастор дорам, ки омада хонаро рўбучин мекунад, либос мешӯяд, ғизо омода месозад. Сесад доллар маоши академикӣ ва ҳамчун сарвари пажўҳишгоҳ маош мегирам. Барои ман кифоя аст.
XS
SM
MD
LG