Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Эҳтимол Назарбоев дар интихоботи навбатӣ иштирок накунад"


Қосим-Жомарт Токаев
Қосим-Жомарт Токаев

Қосим-Жомарт Токаев, раиси сенати Қазоқистон гуфт, шак дорад, ки президенти кунунӣ Нурсултон Назарбоев дар интихоботи навбатии президентӣ дар соли 2020 ширкат кунад. Нурсултон Назарбоеви 77-сола аз соли 1989 то кунун Қазоқистонро идора мекунад.

"Ман фикр намекунам, ки президент Назарбоев дар интихоботи соли 2020 ширкат кунад... Зеро вай одами хирадманд аст ва фикр мекунам, ки соли 2020 дар интихоботи президентӣ номзадҳои дигар, ғайр аз Назарбоев ширкат хоҳанд кард", - гуфт Токаев дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ.

Токаев ба суоли рӯзноманигор дар бораи онки оё худи вай нияти ширкат кардан дар интихоботро дорад, посухи ошкоро надод.

Токаев ҳамсафи Назарбоев аст, ки солҳои тӯлонӣ вазири корҳои хориҷӣ ва сарвазири Қазоқистон буд.

31 май сенати Қазоқистон қонунеро қабул кард, ки бар асоси он, Назарбоев ҳаққи роҳбарии Шӯрои амнияти Қазоқистонро ба таври умрбод соҳиб шуд.

XS
SM
MD
LG