Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла баъди хатми оташбас бо Толибон. 11 сарбоз кушта шуд


Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки дар як ҳамлаи азимтарини Толбон дар паи хатми оташбаси Иди Фитр, дасти кам 11 сарбоз кушта шуд. Сухангӯи вазорати дифои Афғонистон Муҳаммад Родманиш ба радиои Афғонистони Озод гуфт, ки ҳамла ба сарбозон рӯзи 20 июн дар вулусволии Боломурғоби вилояти ғарбии Бодғис рух дод ва дар натиҷа, нӯҳ сарбози дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ба иттилои волии Бодғис Абдулғафур Маликзай, Толибон субҳи барвақт ба ду посгоҳи амниятӣ ҳамла карданд. Ба иттилои Абдулазиз Бек, раиси шӯрои вилояти Бодғис, шумори сарбозони кушташуда дар ин ҳамла 30 нафар мебошад. Вай гуфт, ки дар миёни ҳамлагарон ҳам хисороти ҷонӣ ба мушоҳида расидааст.

Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст, вале мақомот мегӯянд, ки дар вилояти Бодғис ҷангиёни Толибон фаъол ҳастанд.

Толибон шаби 17 июн, баъди таҷлили Иди Фитр оташбаси серӯзаро хотима доданд, дар ҳоле, ки Кобул тамдиди оташбас ба мӯҳлати 10 рӯзи дигарро пешниҳод кард.

XS
SM
MD
LG