Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳаррики ҳавопаймои ҳомили футболбозони Саудӣ оташ гирифт


Ҳавопаймое, ки ҳайати бозигарон ва мураббиҳои тими миллии Арабистони Саудиро аз шаҳри Санкт-Петербург ба шаҳри Ростови лаби Дон мебурд, оташ гирифтааст. Муҳаррики ҳавопаймои тамғаи Airbus A-319-100, ки ба ширкати ҳавоии "Россия" тааллуқ доштааст, дар осмон аз кор монда ва дохили муҳаррик оташ гирифтааст. Навори аз дохили ҳавопаймо сабтшудаи ҳодисаро дар шабакаи иҷтимоии "Twitter" гузоштанд.

Мунтахаби миллии футболи Арабистони Саудӣ бозии нахустинашро бар мизбони Ҷоми ҷаҳон-2018, мунтахаби Русия бо ҳисоби калони 5-0 бохт.

Тибқи хабари расонаҳо, сарнишинон ҳавопайморо дар фурудгоҳи шаҳри Ростови лаби Дон фуруд оварданд ва дар натиҷаи ин ҳодиса касе осеб надидааст. Баъд аз поин шудани ҳавопаймо дар фурудгоҳ, саҳифаи мунтахаби Арабистоани Саудӣ дар "Twitter" навишт, ки ҳодиса танҳо як нуқсони техникӣ буд. Ҳайати мураббиҳо ва футболбозони тими милии Арабистони Саудӣ ба сӯи меҳмонхона равона шуданд.

Шабакаи хабарии Бӣ-Бӣ-Сӣ ҳам ба нақл аз мақомоти Арабистони Саудӣ навиштааст, "ҳамаи ҳайати мунтахаби Саудӣ сиҳат ва саломат расиданд ва дар ҳоли ҳозир дар меҳмонхона қарор доранд". Ин баёнияи ҷониби Арабистони Саудӣ, ҳодисаро як "тасодуф" хондааст.

Мунтахаби Арабистони Саудӣ дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи бистуми июн бозии худро бо дастаи Уругвай дар варзишгоҳи шаҳри Ростови лаби Дон дидор анҷом медиҳад. Бозии нахустинашро ин даста бар мизбони Ҷоми ҷаҳон-2018, мунтахаби Русия бо ҳисоби калони 5-0 бохт.

Кореяи ҷанубӣ аз Шведсия як гол хӯрд

Дар бозии аввали рӯзи 18-уми июн мунтахабҳои Шведсия ва Кореяи ҷанубӣ, ки дар гурӯҳи F шомиланд байни ҳам рақобат карданд. Тақдири ин бозиро як пеналтӣ ҳал кард. Дар дақиққаи 65-ум довар бо кӯмаки видеоӣ (VAR) ба дарвозаи дастаи Кореяи ҷанубӣ ҷаримаи ёздаҳметра таъйин кард ва муҳофизатгари мунтахаби Шведсия ва бошгоҳи "Краснодар" Гранквист онро ба ҳадаф расонд.

Дарвозабони дастаи Кореяи ҷанубӣ Чжо Хён У дар рафти бозӣ аз худ маҳорати баланд нишон дод ва чанд ҳарбаи хатарноки бозигарони шведиро гардонд. Футболбозони кореягӣ дар дақиққаҳои охири дидор имконияти хуби баробар кардани ҳисобро доштанд, вале аз он самаранок истифода накарданд. Бахъди партофти ҳамдастааш Хван Хи Чҳан аз мавқеи муносиб тӯбро бо сараш зад, вале зарбааш каме хато рафт. Ин бозӣ дар варзишгоҳи шаҳри Нижний Новгород баргузор гардид.

"Бразилия то финал мерасад.Олмон чӣ?"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:07:38 0:00

Панама голборон шуд

Бозии дигар миёни тимҳои Белгия ва Панама сурат гирифт. Барои дидани бозии ин дастаҳо дар варзишгоҳи "Фишт"-и шаҳри Сочи 43257 тамшобин ҷамъ омад. Бозии ин дастаҳо, ки дар гурӯҳи G сурат мегирад, бо ғалабаи бузурги 3-0 ба фоидаи мунтахаби Белгия анҷом ёфт. Як голи Мертенс дар дақиққа 47-ум ва ду голи задаи ҳамлагари марказии Белгия Ромелу Лукаку дар дақиққаҳои 69-ум ва 75-ум ғалабаи аввали ин дастаро дар Ҷоми ҷаҳон-2018 таъмин намуданд.

Зимнан тими милии Панама дар таърихи худ маротибаи аввал ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфтааст. Ҳарифи онҳо мунтахаби Белгия бошад, маротибаи 13-ум аст, ки дар ин сабқати ҷаҳонӣ ширкат мекунад. Дастпарварони Роберто Мартинест аз моҳи сентябри соли 2016 бохтро надидаан. Аз 19 бозӣ дар 14-тоаш ғалаба ба даст оварда, панҷ бозии дигарро мусовӣ анҷом додаанд.

Тунис бохт, вале мухлисонаш "беҳтарин" шинохта шуданд

Бозии охирини рӯзи 18-уми июн миёни дастаҳои мунтахаби Тунис ва Англия сурат гирифт. Дар дақиқаи 11-уми қисми аввали бозӣ капитан ва ҳамлагари тими Англия Гарри Кейн ҳисобро боз кард. Баъди 25-даққиқа Сасси бо ба ҳадаф расондани зарбаи ёздаҳметра ба голи задаи Кейн ҷавоб дод. Бозӣ то анҷоми вақти асосӣ бо ҳисоби мусовии 1-1 идома ёфт. Дар дақиққаҳои иловагии аз тарафи довар таъйиншуда Гарри Кейн тавонист тӯбро бо сараш вориди дарвозаи ҳариф кунад ва ба дастааш се имтиёз биёрад.

Ҳарчанд дар дохили варзишгоҳ бозигарони тими милии Тунис натавонистанд ғолиб шаванд, вале мухлисони онҳо дар берун аз варзишгоҳ миёни ҳаводорони дигар дастаҳо ба унвони беҳтарин мухлис пазируфта шуданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG