Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Македония 25 эътирозгар боздошт шуд


Акс аз 13 июн. Скопйе, пойтахти Македония
Акс аз 13 июн. Скопйе, пойтахти Македония

Мақомоти Македония дар паи задухӯрдҳои шабонгоҳӣ дар шаҳри Скопйе 25 эътирозгарро, ки мухолифи тағйири ном кардани ин ҷумҳурии Югославияи собиқ мебошанд, боздошт карданд. Созише дар заминаи тағйири ном кардани кишвар ба “Македонияи шимолӣ” ҳафтаи гузашта миёни Македония ва Юнон ҳосил шуд ва ҳоло бо ин тасмим бояд парлумонҳои ду кишвар ҳам мувофиқат кунанд.

Вазорати умури дохилӣ рӯзи 18 июн гуфт, ки ҳафт афсари полис ва ду нафари дигар дар натиҷаи хушунатҳо маҷрӯҳ шуданд. Дар изҳороти расмӣ ҳеҷ иттилое дар бораи маҷрӯҳон дар миёни эътирозгарон пахш намешавад. Рӯзи 17 июн тахминан 2 ҳазор нафар дар шаҳри Скопйе раҳпаймоӣ карда, шиорҳои мисли “Македония: Мо аз ин ном даст намекашем!”-ро ба забон оварданд.

Созишномаи тағйири ном кардани Македония миёни вазирони хориҷаи хориҷаи Македония ва Юнон имзо шуд. Баҳсе, ки 27 сол тӯл кашид, аз ҷон ҷо сар зад, ки Македония исми як вилояти қадимаи Юнон аст. Ҳал шудани баҳси номи кишвар роҳи онро барои узвият дар Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО ҳамвор мекунад. Вале гурӯҳҳои миллатгаро дар ҳарду кишвар мухолифи ин созиш мебошанд.

XS
SM
MD
LG