Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зан аз Узбекистон дар зиндони Ҳиндустон ҷон додааст


Шаби панҷшанбе ба ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар маҳбаси Бҳондси Ҳиндустон, воқеъ дар 50-километрии ҷанубу ғарби шаҳри Деҳлӣ як шаҳрванди Узбекистон ҷон бохтааст.

Ба иттилои нашрияи Hindistan Times, сокини Тошканд Шаҳнозаи 38-сола 10 июн бо гумони будубоши ғайриқонунӣ дар бозори "Сахара"-и шаҳри Гургаон боздошт шуда буд. Ҷасади ӯро баъд аз панҷ рӯз дар маҳбас пайдо карданд.

Сабабҳои марги Шаҳноза то ҳол маълум нест ва дар бадани ӯ низ осори захмеро пайдо накардаанд. Ба иттилои пулиси Гургаон, ҷасади зан ба ташхис фиристода шудааст. Ҳамроҳи Шаҳноза се шаҳрванди дигари хориҷиро низ дастгир карда буданд.

Hindistan Times бо истинод ба муфаттиши парванда Суриндер Пал навиштааст, ки ҳангоми боздошт Шаҳноза таби баланд дошт. Ба гуфтаи ӯ, шаҳрванди Узбекистон ба нозирони маҳбас аз дарде дар қафаси синааш шикоят кардааст.

Пулиси Гургаон мегӯяд, сафорати Узбекистон дар Ҳиндустон аз қазия расман огаҳ карда шудааст ва ҳоло дипломатҳои узбек талош доранд, бо наздикони ӯ дар Тошканд дар тамос шаванд. Кай ва бо кадом сабаб рафтани шаҳрванди Узбекистон ба Ҳиндустон маълум нест.

XS
SM
MD
LG