Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштии 630 паноҳҷӯе, ки наҷот дода шуданд, ба Испания расид


Нахустин киштии ҳомили тақрибан 630 паноҳҷӯе, ки аз Баҳри Миёназамин наҷот дода шуданд, рӯзи 17-уми июн ба шаҳри Валенсияи Испания расид. Киштии ҳомили паноҳҷӯёнро то Испания ду киштии муҳофизи баҳрии Италия роҳнамоӣ кардааст.

Ин паноҳҷӯён аз тарафи ду ҳазор нафар мавриди истиқбол қарор гирифтанд. Дар байни онҳо ҳудуди ҳзаор тан аз имдодгарони Салиби Сурх ва 470 тарҷумон буданд.

Дар бандари шаҳри Валенсия як лавҳаи бузург ҳам насб шуда буд, ки рӯяш бо чандин забон “ба хонаатон хуш омадед” навишта шудааст.

Ҳудуди 630 паноҳҷӯ, ки мехостанд бо се киштӣ худро ба Испания бирасонанд, ахиран дар Баҳри Миёназамин наҷот дода шуданд. Италия ба ин паноҳҷӯён иҷоза надод, то дохили кишвар шаванд.

XS
SM
MD
LG