Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷире, ки 8 нафарро пахш кард: "20 соат сари фармони мошин будам" ВИДЕО


Чингиз Анорбек-уулу
Чингиз Анорбек-уулу

Чингиз Анорбек-уулу, шаҳрванди Қирғизистон, ки шаби гузашта дар наздикии майдони Сурхи Маскав ҳашт нафар, аз ҷумла сайёҳони хориҷиро зада маҷруҳ кард, гуфт, барои хобравӣ ба хонааш шитоб дошт. Бино ба навори бозпурсии ӯ, ки Идораи пулиси Маскав рӯзи 17-уми июн нашр кард, Анорбек-уулу гуфтааст, 20 соат дар сари фармони мошин буд.

Ин шаҳрванди Қирғизистон гуфт, моҳе пеш расман ба кор сар кард ва дар ин муддат боре қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон нанамудааст. Дар посух ба суоли муфаттишон, ки оё нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол карда буд ё не, Чингиз Анорбек-уулу гуфт, вай наменӯшад ва баръакс ба варзиш машғул аст.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ ҳам мегӯяд, Чингиз Анорбек-уулу воқеан дар ҳайати клуби “Усмон-Умар” тамрин мекард ва моҳи октябри соли 2017 дар Сочӣ соҳиби медал шуда буд.

Ҳангоми бозпурсӣ ин ронандаи муҳоҷир гуфт, ки ҳадафи пахши пиёдагардонро надошт ва танҳо ҳамон вақт идораи мошинро аз даст дод. Ӯ гуфт, ба ҷои онки “тормоз”-ро пахш кунад, иштибоҳӣ “газ”-ро зер кардааст. Дар мавриди онки чаро баъди ҳодиса талоши фирор аз маҳалли садамаро дошт, ӯ гуфт, “тарсидам, ки маро мекушанд”.

Чингиз Анорбек-уулу, шаҳрванди 28-солаи Қирғизистон, бо иттиҳоми рондани “таксӣ” ба тарафи издиҳоми мардум дар пойтахти Русия, маҳалли баргузории Ҷоми ҷаҳонии футбол, боздошт шудааст. Ҳодиса шоми 16-уми июн дар наздикии Майдони Сурхи Маскав рух дод ва бар асари он 7 нафар, аз ҷумла сайёҳони хориҷӣ, ки барои тамошои Ҷоми ҷаҳонии футбол ба Русия рафтаанд, осеб диданд.

Масъулони бемористоне дар Маскав шумори захмиҳои ҳодисаро ҳашт нафар шумурдаанд. Бино ба гузоришҳои мухталиф, дар ҳодиса ду шаҳрванди Мексика, ду русиягӣ, ду украинӣ ва ду озарбойҷонӣ маҷруҳ шудаанд.

Дар Маскав ронандаи муҳоҷир таксиашро болои мардум равона кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00

Пулиси Маскав дар баёнияе гуфт, ки далели ибтидоӣ “нотавонии ронанда дар идораи мошин аст”. Сергей Собянин, мири шаҳри Маскав, низ дар шабакаи Твиттер навишт, ин як ҳодисаи тасодуфист.

Ӯ гуфт, “ронанда контроли мошинро аз даст дод ва ин боис гардид, ки ҳодисаи нохушоянд рух диҳад”. Собянин ҳамчунин афзудааст, ки ҷараёни таҳқиқоти ҳодисаро зери назорат дорад.

Сафорати Қирғизистон дар Русия хабар дод, ки қазияро пайгирӣ мекунад. Ба иттилои онҳо, Анорбек-уулу Чингиз дар яке аз идораҳои пулиси Маскав аст.

Сергей Собянин
Сергей Собянин

Мақомоти Русия гуфтанд, ки Анорбек-уулу Чингиз парвона ё ҳуҷҷати ронандагиро дар Қирғизистон гирифтааст ва нусхаи онро нашр карданд. Видеоҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки ин “таксӣ” ногаҳон аз хиёбони пуродам роҳашро иваз карда, ба сами пиёдарав рафтааст. Ронанада пас аз онки сокинон талош мекуннад, ӯро аз мошин берун оранд, саъй мекунад аз маҳалли ҳодиса бигурезад.

Як шоҳиди ҳодиса ҳам ба хабаргузории “Ройтерс” гуфтааст, ронандаи таксӣ хост, ки аз ҷойи ҳодиса фирор кунад, аммо аз тарафи сокинон дунбол ва зуд боздошт шуд.

​Пас аз силсилаи ҳамлаҳо ба ҷойҳои серодам бо мошин дар баъзе аз кишварҳои аврупоӣ, ки даҳҳо кушта бар ҷой гузошт, мақомоти Русия дар майдонҳои пуриздиҳом монеаҳои бетонӣ гузоштаанд. Русия ин шабу рӯз мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол аст. Ин бозиҳо 14-уми июн сар шуд ва то 15-уми июл дар 11 шаҳри Русия идома хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG