Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев бо сафари дурӯза вориди Қазон шуд


Назарбоев шоми 14 июн вориди Қазон шуд
Назарбоев шоми 14 июн вориди Қазон шуд

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев шоми 14 июн, баъди анҷоми расми кушоиши Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Маскав вориди Қазон, пойтахти Ҷумҳурии Тотористон шуд. Вебсайти президенти Қазоқистон гуфт, ки Назарбоев бо як сафари корӣ ба Қазон рафтааст.

Дар ҷараёни сафари дурӯза ӯ бо Рустам Миннинхонов, президенти Тотористон ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунад. Дар ин бора рӯзи 15 июн Лилия Галимова, сухангӯи президенти Тотористон хабар дод.

Инчунин қарор аст ӯ бо собиқ президенти Тотористон Минтемир Шаймиев ҳам дидор кунад. Галимова гуфт, ки Назарбоев мехоҳад ҳамчунин бо донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳи федеролии Қазон ҳамсӯҳбат шавад. Қазоқистону Тотористон аз гузаштаҳои дур равобити наздики фарҳангию таърихӣ ва иқтисодӣ доранд.

XS
SM
MD
LG