Раҳбари мухолифони Русия Алексей Навалний баробари озод шуданаш аз ҳабс хароҷоти ба Ҷоми ҷаҳонии футбол масрафшударо интиқод кард ва гуфт, ки бахше аз буҷаи ин пружа аз ҷониби олигархҳои наздик ба президент Владимир Путин азхуд карда шудааст. Дар як изҳороти видеоии худ Навалний баъди озод шудан аз ҳабс шоми 14 июн пирӯзии футболбозони русро дар нахустин бозии зидди Арабистони Саудӣ ситоиш кард.
Ӯ гуфт: “Хуб аст, ки Русия чунин як маърака барпо мекунад, вале намефаҳмам, ки чаро арзиши он барои мову шумо 14 миллиард доллар тамом шудааст?”. Расман харҷи омодагиҳо ба ташкили Ҷоми футбол дар Русия 13,2 миллиард доллар гуфта мешуд.
Навалний гуфт, ки баробар бо хурсандӣ аз ҳунарнамоии муваффақиятомези мунтахаби Русия, набояд аз фасоди амиқ ҳам фаромӯш кард. Ба гуфтаи Навалний, олигархҳои наздик ба Путин, ки дар сохтмони фурудгоҳу варзишгоҳҳои мизбони бозиҳо ҷалб шудаанд, даст ба ғорати буҷа задаанд. Ӯ аз номи Борис ва Аркадий Ротенберг ва Геннадий Тимченко ном бурд, ки ба гуфтааш, даст ба фасод задаанд.
Алексей Навалний баъди ташкили намоиши эътирозии зидди Путин бо номи “Ӯ шоҳ нест”, ки 5 май дар бисёр манотиқи Русия баргузор шуд, ба 30 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд. Эътироз зидди бори чорум ба сари қудрат омадани Путин дар Русия ташкил шуда буд ва дар паи он дар саросари кишвар 1500 нафар боздошт шуд.