Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иванов созишномаи тағйири номи Македонияро имзо намекунад


Президенти Македония Гёрге Иванов созишномаи тағйири номи ин кишвар бо Юнонро имзо намекунад. Дар як изҳороташ ӯ рӯзи 14 июн гуфт, ки ин созиш хилофи Конститутсия аст.

Иванов гуфт, ки мавқеи ӯ қатъӣ аст. Вай афзуд, ки ба ҳеч гуна фишору таҳдид ва найранг дода нахоҳад шуд. "Ин гуна созишномаи харобиоварро ҷонибдорӣ ё имзо нахоҳам кард", - изҳор дошт президенти Македония. Ба гуфтаи ӯ, дар масъалаи воридшавии Македония ба узвияти НАТО ва Иттиҳоди Аврупо номи давлат баҳс нахоҳад шуд.

Пештар хабар дода шуд, ки Македония ва Юнон роҷеъ ба баҳси 27-солаи худ дар бораи номи ҷумҳурии Югославияи пешин ба созиш расиданд. Сарвазири Македония Зоран Заев 12 июн гуфт, ҳар ду кишвар бо номи Македонияи Шимолӣ розӣ шуданд. "Роҳи баргаште нест", - изҳор дошт сарвазири Юнон Алексис Тсипрас дар як нишасти хабарӣ.

Заев гуфт, созиши мазкур ҳувияти қавмиву фарҳангии Македонияро ҳифз хоҳад кард. Ба назари Тсипрас, созиши ҳосилшуда фарқият миёни вилояти Македония ва давлати Македонияро равшан мекунад. Сарвазири Юнон ҳамчунин афзуд, ки номи нави давлати Македония дар асноди милливу байналмилалӣ қайд хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG