Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Арӯси бесалиқа» ба Тоҷикистон меояд


Акс аз бойгонӣ: Намоишномаи "Исёни арӯсон" дар театри ҷавонони Бишкек
Акс аз бойгонӣ: Намоишномаи "Исёни арӯсон" дар театри ҷавонони Бишкек

Театри давлатии мусиқии Узбекистон ба номи Муқимӣ қарор аст бо як сафари ҳунарии чоррӯза вориди Тоҷикистон мешавад. Қарор аст аз 29 июн то 2 июл дар се шаҳри Тоҷикистон намоишномаи «Арӯси бесалиқа» ба намоиш гузошта шавад.

АМИТ «Ховар» рӯзи 14 июн аз қавли вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфт, ки намоишномаи «Арӯси бесалиқа» рӯзи 29 июн дар шаҳри Хуҷанд дар саҳнаи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К.Хуҷандӣ, 30 июн дар шаҳри Душанбе дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ ва 1 июл дар шаҳри Бохтар дар саҳнаи Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятии ба номи А.Муҳаммадҷонов ба намоиш мешавад.

Сафари ҳунармандони узбек ба Тоҷикистон дар идомаи тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатии ду кишвар анҷом мешавад.

XS
SM
MD
LG