Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони исми нави Македония бо созиши Атену Скопйе розӣ нестанд


Скопйе, Ҳриштиан Мискоски дар садри эътирозҳо. 2 июни соли 2018
Скопйе, Ҳриштиан Мискоски дар садри эътирозҳо. 2 июни соли 2018

Дар ҳоле, ки раҳбарони ғарбӣ ҳалли баҳси тӯлонии миёни Юнону Македония бар сари исми кишвари Македонияро истиқбол мекунанд, раҳбарони ду давлат бояд ба мухолифатҳои оппозитсиюн дар парлумонҳои худ посух диҳанд. Рӯзи 12 июн нахуствазири Македония Зоран Заев эълон кард, ки Атен ва Скопйе баъди 27 соли баҳс ба натиҷае омаданд, ки исми кишвари Македония ба Македонияи Шимолӣ иваз мешавад. Баҳс аз он ҷо сар зад, ки Македония исми як вилояти кишвари қадимаи Юнон аст.

Мунаққидони созиш, ки давоми чанд рӯзи охир даст ба раҳпаймоиҳои эътирозӣ задаанд, мухолифи аз ҷониби парлумон қабул шудани ин санад ҳастанд. Ҳриштиан Мискоски, президенти яке аз ҳизбҳои пуртарафдори сиёсӣ (VMRO-DPMNE) гуфт, “ин як рӯзи сахт барои Македония” аст ва истиқболи мақомот аз созиш бо Юнонро “як пирӯзии дурӯғин” номид.

Мискоски созиш бо Юнонро “таслим шудани нахуствазир Зоран Заев ба Юнон” унвон кард. Ҳизби Мискоски дар интихоботи ахир аз ҷониби ҳизби Заев мағлуб шудааст. Президенти Македония Гйорге Иванов ҳам аз созиши ҳосилшуда изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, ки исми байналмилалии Македония набояд тағйир ёбад. Иванов гуфт, ки дар ин масъала мувофиқати доираи васеи ҷомеа лозим аст.

XS
SM
MD
LG