Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амонатов дар "Mumbai Mayor's Cup' ғолиб омад ва $5000 гирифт


Фаррух Амонатов, шатранҷбози маъруфи тоҷик.

Фаррух Амонатов, шатранҷбози маъруфи тоҷик, ки дар 11-умин мусобиқаи байналмилалии дараҷаи "А" барои дарёфти Ҷоми мири шаҳри Мумбайии Ҳиндустон ғолиб гардид, бо ҷоизаи молӣ ба маблағи 330 ҳазор рупия, муодили 5 ҳазор доллари амрикоӣ мукофотонида шуд.

  • Фаррух Амонатов, ки ягона гроссмейстер дар Тоҷикистон ва муқими Санкт-Петербурги Русия аст, дар 10 бозӣ 8 имтиёз ба даст овард.
Амонатов феълан дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба сар мебарад ва дар ҳамаи мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.

Роланд Прюйссерс (Нидерланд) низ ҳамин миқдор имтиёз гирифт ва мақоми дувумро соҳиб шуд. Шатранҷбози дигари тоҷик Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев бо 6,5 имтиёз дар байни 256 шатранҷбози ширкаткунандаи ин мусобиқаи пурнуфузи байналмилалӣ ҷойи 29-умро ишғол кард.

Ба иттилои нашрияи The Times of India, бар асоси дастури мусобиқа шатранҷбозоне, ки дар Ҷоми мири Мумбай ҷойҳои аз 1-ум то 10-умро гирифтанд, бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз гаштанд. Ба ғолиби мусобиқа – Фаррух Амонатов - 330 ҳазор рупия супурда шуд.

Фаррух Амонатов 13-уми апрели соли 1978 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ аз шашсолагӣ ба шоҳмот шуғл меварзад. Мураббии аввалинаш Вячеслав Ким буд.

Соли 1995 мактаби миёнаи рақами 20-и пойтахти Тоҷикистонро хатм кардааст. Сипас Донишгоҳи техникии мухобирот ва иттилооти шаҳри Маскавро ба итмом расонидааст.

Амонатов соли 2002 дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот меъёри гроссмейстери байналмилалиро ба ҷо овардааст. Вай феълан дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба сар мебарад ва дар ҳамаи мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.

Ӯ қаҳрамони Осиё миёни наврасон (соли 1992), ғолиби мусобиқоти байналмилалӣ "Москва-Опен", "Владимир-Опен" мебошад. Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар шаш Олимпиадаи шоҳмот (1996, 1998, 2002, 2006, 2010 ва 2012) иштирок кардааст.

XS
SM
MD
LG