Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шатранҷбози тоҷик дар Тошканд ҷоиза гирифт


Мусобиқаи XII байналмилалии "Tashkent Open" оид ба шоҳмот барои гиромидошти хотираи Георгий Аъзамов, аввалин гроссмейстери байналмилалӣ аз Узбекистон, ки рӯзҳои 23-30 апрел дар шаҳри Тошканд доир шуд, бо пирӯзии Кирилл Ступак аз Беларус хотима ёфт.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар пойтахти Узбекистон барои бори дувоздаҳум барпо гардид, шатранҷбозон аз Арманистон, Афғонистон, Беларус, Белгия, Испания, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Украина ва Эрон ширкат доштанд. Мусобиқа аз рӯи системи швейтсарӣ аз 9 давр иборат буд. Шатранҷбозон ба ду гурӯҳ – гурӯҳи асосии "А" ва гурӯҳи бачагонаи "В" миёни наврасони то 12-сола – тақсим шуданд.

Дар гурӯҳи “А” гроссмейстери байналмилалӣ Кирилл Ступак аз Беларус бо 7,5 имтиёз мақоми аввалро касб намуд. Шатранҷбози 17-сола устоди ФИДЕ Ортиқ Неъматов аз Узбекистон бо 7 имтиёз мақоми дувумро азони худ кард. Ӯ, ки дар 6 бозӣ, аз он ҷумла дар се бозӣ бар гроссмейстерҳо пирӯзӣ ба даст овард, меъёри гроссмейстери байналмилалиро ба ҷо овард. Боз як шатранҷбози 16-солаи узбекистонӣ устоди байналмилалӣ Нодирбек Яъқуббоев бо 7 имтиёз дар мақоми севум қарор гирифт.

Дар байни шатранҷбозони тоҷик устоди байналмилалӣ Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев натиҷаи хубтар нишон дод. Ӯ бо 6,5 имтиёз дар байни 107 шатранҷбози гурӯҳи “А” ҷои 23-юмро соҳиб шуд.

Дар ин бора Илҳом Юнусов, дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, рӯзи 1-уми май ба Радиои Озодӣ хабар дод. Ӯ афзуд, “ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон даҳ шатранҷбоз дохил буд. Дар гурӯҳи бузургсолон ба ғайр аз Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, инчунин Темур Исмоилов бо 5,5 имтиёз ҷои 28-ум, Мустафохуҷа Ҳусейнхоҷаев бо 5 имтиёз ҷои 34-ум, Аминҷон Қобилов бо 5 имтиёз ҷои 36-умро ишғол карданд. Муҳаммад Юнусов, Муҳаммадамин Аброров, Бахтовар Қосимзода ва Мирзоҷон Сатторов бо чоримтиёзӣ дар зинаҳои аз 68-ум то 105-ум қарор гирифтанд. Дар гурӯҳи “В” шатраҷбозони навраси мо натиҷаҳои хубтар нишон доданд. Ҷалолиддини Илҳомӣ дар байни 69 шатранҷбози наврас бо 6 имтиёз ҷои 12-умро ишғол кард. Сабрина Абророва бошад, бо 5,5 имтиёз ҷои 14-умро гирифт.”

Маблағи ҷавоизи мусобиқаи мазкур 20 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медод, ки барои ҷойи аввал 3 ҳазор доллар супурда шуд. Дар гурӯҳи "А" 15 ҷоизаи аслӣ ва махсус ба шатранҷбозон тақдим гардид. Ба қавли Илҳом Юнусов, шатранҷбози тоҷик Темур Исмоилов бо ҷоизаи вижа барои ширкаткунандагони дараҷаи рейтингҳои мухталиф сарфароз гашт.

Бояд гуфт, ки Фаррух Амонатов, шатранҷбози маъруфи тоҷик, соли 2016 дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дар Тошканд бо 7,5 имтиёз аз 9 бозӣ мақоми аввалро соҳиб шуда, бо ҷоизаи молӣ ба маблағи чор ҳазор доллар сарфароз гардида буд. Ин дувумин пирӯзии шатранҷбози тоҷик дар ин мусобиқа ба шумор мерафт. Аз ин пеш ӯ соли 2008 ғолиб шудааст. Вале гроссмейстери байналмилалӣ Фаррух Амонатов имсол дар ин мусобиқа иштирок накард.

XS
SM
MD
LG