Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаррух Амонатов “Аstana Open-2017”-ро фатҳ кард


Фаррух Амонатов.
Фаррух Амонатов.

Фаррух Амонатов, шатранҷбози маъруфи тоҷик, дар ҷашнвора ё фестивали байналмилалии шоҳмот “Аstana Open-2017” ғолиб шуд. Ӯ дар ин ҷашнвора, ки аз 13-ум то 29-уми июл дар шаҳри Остона барпо гардид, дар мусобиқаи бузургсолон бо касби 7,5 имтиёз дар 9 бозӣ мақоми аввалро аз они худ кард. Ҷойи дувумро бо 7 имтиёз гроссмейстери байналмилалӣ Александр Шиманов аз Санкт-Петербурги Русия соҳиб шуд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Илҳом Юнусов, дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, рӯзи 31-уми июл хабар дод. Ӯ гуфт, ки чунин чорабинии бузурги шоҳмот дар Қазоқистон барои бори шашум барпо гардид.

Фаррух Амонатов феълан дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба сар мебарад ва дар ҳамаи мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.

Илҳом Юнусов афзуд, “ба барномаи ҷашнвора ё фестивал панҷ мусобиқаи шоҳмот миёни кӯдакону наврасон ва бузургсолон, инчунин семинари ФИДЕ (Федератсияи байналмилалии шоҳмот) барои доварон дохил буд. Дар ҷашнвора ҳудуди 600 варзишгар аз 12 кишвар (Қазоқистон, Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Булғористон, Миср, Украина, Муғулистон, Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Узбакистон, Қирғизистон) ширкат кард. Дар мусобиқаи бузургсолон 150 шатранҷбоз иштирок намуд, ки дар байни онҳо 21 гроссмейстери байналмилалӣ буд. Дар маросими ифтитоҳи ҷашнвора президенти Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФИДЕ) Кирсан Илюмжинов ҳузур дошт.”

Маблағи ҷавоизи ин ҷашнвора беш аз 11 миллион тенгеро ташкил медод. Барои ҷойи аввал ба ғолиб ду миллион тенге супурда шуд. Инчунин шатранҷбозоне, ки ҷойҳои аз дувум то 20-умро ишғол карданд, бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз гаштанд.

Фаррух Амонатов 13-уми апрели соли 1978 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ аз синни шашсолагӣ ба шоҳмот шуғл меварзад. Мураббии аввалинаш Вячеслав Ким буд. Соли 1995 мактаби миёнаи рақами 20-и пойтахти Тоҷикистонро хатм кардааст. Сипас Донишгоҳи техникии мухобирот ва иттилооти шаҳри Маскавро ба итмом расонидааст.

Соли 2002-юм дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот меъёри гроссмейстери байнулмилалиро ба ҷо овардааст ва ягона шатранҷбози тоҷик аст, ки ба ин унвони баланд мушарраф шудааст. Ӯ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳафт олимпиадаи шоҳмот (солҳои 1996, 1998, 2002, 2006, 2010, 2012 ва 2014) ширкат кардааст.

Фаррух Амонатов феълан дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба сар мебарад ва дар ҳамаи мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG