Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизҳо алайҳи ширкати чинӣ тазоҳурот карданд


Дар ноҳияи Ала-Букини вилояти Ҷалолободи Қирғизистон сокинон дар кони Иштамбердӣ тазоҳурот карданд. Дар ин бора ҳокими ноҳия Эмилбек Абдуқодиров иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, намояндаи ваколатдори ҳукумати Қирғизистон дар Ҷалолобод Киянбек Сотиболдиев бо эътирозгарон мулоқот кард.

Сокини маҳаллӣ Бекжан Станбеков гуфт, ҳудуди 200-300 нафар ҷамъ омада, гуфтанд, ки ширкати чинӣ дар ин кон ғайриқонунӣ фаъолият дорад. Онҳо талаб доранд, ки зарарҳои зистмуҳитӣ санҷида шуда, ширкат ба сокинон ҷубронпулӣ пардохт кунад. Ҳамчунин истифодаи ашёи зараррасон манъ шуда, партовгоҳ ба ҷои дигар кӯчонида шавад.

Ба ҷуз ин, сокинон гуфтанд, ки мақомот ҳарфи онҳоро шунидан намехоҳанд. Сотиболдиев гуфт, қарор аст, аз Бишкек намояндагони ҳукумат ва мутахассисон биоянд ва бо сокинон мулоқот кунанд.

Бо коркарди кони Иштамбердӣ ширкати чинии «Фулд Голд Майнинг» машғул аст. Ширкат 600 сокини маҳаллиро бо ҷои кор таъмин кардааст.

Сокинони Қирғизистон пештар низ ба коркарди конҳои Шамбесай дар Қадамҷой ва Макмал дар Тоғуз-Торо эътироз карда буданд. Бори охир сокинони Тоғуз-Торо норозигии худро аз кори ширкати «Жи Эл Макмал Девелопинг» баён карда, корхонаи онро оташ заданд. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз ва 12 кас дастгир шуданд.

XS
SM
MD
LG