Журналист Усмон Солеҳ, ки солҳои охир ба ҳайси сухангӯи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон фаъолият дошт, рӯзи 10-уми июн бар асари сактаи мағзӣ даргузаштааст. Наздиконаш гуфтанд, ки ӯ 61 сол дошт.
Маросими видоъ бо Усмон Солеҳ субҳи 11-уми июн дар манзилаш дар кӯчаи Туниси пойтахт баргузор мешавад. Баъдан ӯро дар зодгоҳаш шаҳри Ваҳдат дафн хоҳанд кард.
Усмон Солеҳ чанд соли охир сухангӯи ҲХДТ буд ва аз камтарин мақомдори ҳизби ҳоким буд, ки аз мавқеи ҳизб дар расонаҳо ҳимоят мекард. Қабл аз ин, вай ҳафтаномаи "Минбари халқ" ва рӯзномаи "Ҷумҳурият" кор кардааст.