Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди Доналд Трампро танқид карданд


Доналд Трамп зимни вуруд ба Квебеки Канада
Доналд Трамп зимни вуруд ба Квебеки Канада

Иддае аз кишварҳои ғарбӣ Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрикоро барои пешниҳоди қабули дигарбораи Русия ба Гурӯҳи 7 танқид карданд.

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон гуфт, то замоне, ки дар масъалаи ҳалли муноқиша дар шарқи Украина пешрафт ҳосил нашавад, Русияро ба ин гурӯҳи ин кишварҳои пешрафтаи саноатии ҷаҳон қабул намекунанд.

Ангела Меркел дар ин бора рӯзи 8-уми июн дар шаҳри Квебеки Канада ва қабл аз шуруи нишасти сарони Гурӯҳи 7 сухан гуфт. Чаҳор кишвари гурӯҳ аъзои Иттиҳодияи Аврупо ҳастанд.

Русияро соли 2014 баъди ғасби нимҷазираи Қрим аз қаламрави Украина аз Гурӯҳи ҳаштгона ихроҷ карданд. Дар муноқишае, ки баъди он дар шарқи Украина сар зад, то кунун бештар аз 10 ҳазор нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG